Давраи нашъунамо низ ба охир расида истодааст. Аз ин лиҳоз, барои хуб гузаронидани фасли сармо ва замина гузоштан ба ҳосили соли оянда мо бояд як қатор чорабиниҳои агротехникиро ба анҷом расонем.

Дохили токзор бояд пурра аз меваҳои афтода ва пӯсида, ки боиси пайдоиши касалиҳои занбӯруғӣ ва бактериявӣ мегарданд бояд тоза карда шавад. Барои намиғунҷоишии беҳтари хок ва несту нобуд кардани ҳашаротҳои маскангирифта, байни қаторҳоро коркард намудан лозим аст.

Барои нест шудани касалиҳо, вобаста ба имконият, буриши санитариро ба роҳ мондан муҳим аст. Дар буриши санитарӣ шоху навдаҳои касал ва аз таъсири механикӣ осебдида, бурида шуда, дар як ҷои алоҳида ҷамъоварӣ гардида, сӯзонида мешавад.

Агар дар дохили боғ хояндаҳо мавҷуд бошад, ҳатман домҳо бо иловаи заҳрдоруҳо истифода намудан ба маврид аст.

Вобаста ба нашъунамои токзор ва синну соли он дар даҳаи охири моҳи ноябр нуриҳои минералӣ, аз ҷумла суперфосфат ва сулфати калийро истифода намоед. Нуриҳои номбаршуда, нуриҳои дар хок дерҳазмшаванда ба шумор мераванд ва то фарорасии фасли баҳор барои растанӣ дастрас мегарданд. Истифодаи нуриҳои нитрогениро дар аввали давраи нашв (фасли баҳор) ба нақша гирифтан лозим аст. Истифодаи нуриҳои фосфорию калийгӣ дар охир моҳи ноябр на танҳо барои гирифтани ҳосили фаровон дар соли оянда мусоидат менамоянд, балки ба зимистонгузаронии растанӣ кӯмак мерасонад.

Дар токзор истифодаи нуриҳои органикиро (поруи пурра пӯсидашударо) дар 3 сол як маротиба ба назар гирифтан лозим аст. Ҳар сол паиҳам истифода намудани нуриҳои органикӣ низ ба ҳосилнокии токзор таъсири манфӣ мерасонад. Яъне боиси сабзидани шоху навдаҳои нашвӣ мегардад. Узвҳои генеративӣ (ҳосилдиҳанда) кам месабзад. Нуриҳои органикиро дар гирду атрофи растании ток рехта дар чуқурии 20 то 25 см хокро коркард намоед.

Тарзи истифодаи нуриҳои минералӣ бошад, чунин аст: дар масофаи 50 см аз танаи растанӣ аз чор тараф чуқурӣ канда, нуриро рехта болояшро бо хок пӯшонидан лозим аст. Чуқурии он 20 то 25 см бошад кифоя аст. Меъёри нуриҳо вобаста ба синну соли ток ба назар гирифта мешавад. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий додан лозим аст. Баъд аз пурра рехтани баргҳои токзор як коркарди кимиёвӣ бар зидди касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон ба назар гирифтан лозим аст. Ин коркардро дар ҳолати ҳарорати ҳаво на камтар аз 150С будан анҷом диҳед.

Аз заҳрдоруҳо метавонед Карате Зеон (барои 1 га 0,3 л-ро бо 1000 л об омехта) ва Ридомил Голдро (барои 1 га 2 кг-ро бо 1000 л об омехта) истифода намоед.

Агар тирамоҳ хушк ояд ҳатман обёриро дар токзор анҷом диҳед.

Хурсандӣ Сафаралиев