Дар шароити замини кушод низ парвариши зироатҳои сабзавотӣ ба охир расида истодааст. Растании помидор то фарорасии фасли сармо ва паст гардидани ҳарорати ҳаво то +100 С нашъунамо менамояд. Баъд аз он ба пажмурдашавӣ шурӯъ менамояд.

Растании бодиринг ба сармо тобовар нест. Дар ҳолати аз +150 С паст фаромадани ҳарорати ҳаво нашъунамои он суст гардида, аз нашъунамо боз мемонад.

Барои парвариши доимии помидору бодиринг ва қаламфури ширин гармхонаҳо лозим аст. Ҳарорати ҳаворо дар дохили гармхона аз +200 то +250 С идора менамоянд. Дар дохили гармхонаҳо навъҳои гармхонагиро истифода намудан лозим аст. Давоми як моҳ кӯчати зироатҳои сабзавотӣ парвариш карда шуда, баъд аз он ба гармхонаҳо кӯчонида мешавад. Дар дохили гармхона системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳосили киштзори сабзӣ дар кишти такрорӣ низ омодаи ҷамъоварӣ гардида истодааст. Ҳосили омодагардидаро метавонед дар шароити саҳро ё ин ки дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ намоед. Ҳосили сабзиро дар сардхона якчанд моҳ нигоҳ доштан мумкин аст. Дар ҳолати нигоҳдории сабзӣ дар шароити саҳро растании сабзӣ нашъунамо карда, дилаи он ба чӯб мубаддал мегардад. Ин ҳолат дар сардхона ба вуҷуд намеояд. Ҳарорати нигоҳдории сабзӣ дар шароити сардхона аз +10 то +20 С мебошад.

Хурсандӣ Сафаралиев