Дар минтақаи агроиқлимии «Қурама», ки ноҳияҳои фарогирандаи он Ашт, Б. Ғафуров ва ш. Истиқлол мебошад, моҳи сентябр дар гармхона мавсими шинонидани кӯчати помидор мувофиқ аст ва метавонад то давраи фарорасии фасли зимистон ҳосил диҳад. Барои мӯътадил нашъунамо кардани зироатҳои сабзавотӣ дар шароити гармхона, бояд ҳамаи корҳои агротехникӣ саривақт ва босифат гузаронида шавад. Аз ҷумла, обёрикунии сабзавотҳо аз рӯи меъёр ва бо истифодабарии обмонии қатрагӣ гузаронида шавад.

Инчунин, бо воситаи обёрикунӣ даровардани нуриҳои ба монанди Nutrivant tomato (барои 1 га 2 кг-ро бо 1000л об омехта) тавсия дода мешавад. Саривақт даровардани нуриҳои маъданӣ ва обёрикунии зироати сабзавотӣ ба растанӣ имконият медиҳад, ки решаи он хуб рушд намуда, узвҳои ҳосилдиҳанда ба вуҷуд ояд.

Инчунин, ҳаноми бениҳоят гарм будани ҳаво, аз тӯрҳои сояафкан истифода бурдан лозим аст.

Мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон низ дар моҳи сентябр ҷой дорад. Зеро, дар гармхона эҳтимолияти пайдошавии ҳашаротҳои тортаннаккана ва сафедболак вуҷуд дорад. Дар мавриди пайдоиши тортанаккана ва сафедболак гузаронидани коркарди кимиёвӣ бо заҳрдоруҳои Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) ва куяи помидор Кораген (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад.

Акмал Насруллоев