Дар шароити замини кушод ва гармхона дар ин мавсим шинонидани кӯчати помидор мувофиқ аст ва метавонад то давраи фарорасии фасли зимистон ҳосил диҳад. Бо мӯътадил гардидани ҳарорати ҳаво дар моҳи сентябр нашъунамои помидор беҳтар гардида, ҳосилнокӣ ва сифати молии он баланд мегардад. Помидор растании салқинидӯст буда, дар ҳолати баланд будани ҳарорати ҳаво гардолудшавӣ ва рехтани гулҳо бештар ба мушоҳида мерасад. Нарм ва серғизо будани хок ба растанӣ имконият медиҳад, ки реша хуб рушд намуда узвҳои ҳосилдиҳанда ба вуҷуд ояд. Барои баланд намудани ҳосилнокии помидор нурии Nutrivant tomato (барои 1 га 2 кг-ро бо 1000л об омехта) тавсия гардидааст. Пошидани ин нуриҳо дар барг имконият медиҳад, ки мубодилаи моддаҳо дар растанӣ фаъол ва ҳосилнокии он зиёд гардад.

Дар ин давра ба растании помидор тортанаккана, сафедболак ва куяи помидор зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар мавриди пайдоиши тортанаккана ва сафедболак гузаронидани коркарди кимиёвӣ бо заҳрдоруҳои Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) ва куяи помидор Кораген (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) — ро истифода намоед. Дар давраи пухтарасӣ ва ҷамъоварии зироатҳои сабзавотӣ заҳрдоруҳоро истифода накунед.

Дар давоми сол метавонед якчанд маротиба тухми бодирингро пай дар ҳам кишт намуда, ҳосили онро ба даст оред. Барои гирифтани ҳосили пайдарҳамии бодиринг майдони заминро ба қитъаҳои алоҳида тақсим намуда, баъд аз ҳар 40 рӯз кишти тухмии онро ба роҳ монед. Растании бодиринг ба об бениҳоят серталаб аст. Барои гирифтани ҳосили баланди бодиринг шароити обии замин бояд беҳтар бошад. Дар шароити камобӣ ҳосилнокии он паст ва талх мегардад. Обёрии бомаврид ва истифодаи нуриҳои минералию органикӣ имконияти гирифтани ҳосили фарвони бодиринг мебошад.

Такроран қайд менамоем, ки дар давраи пухтарасии ҳосили помидор ва бодиринг аз истифодаи заҳрдоруҳо худдорӣ кунед. Баргҳои зарардидаи помидор ва бодирингро аз касалиҳои занбӯруғӣ ва ҳашаротҳои зараровар бо қайчӣ бурида, несту нобуд намоед. Қайчиро бо маҳлулҳои безараргардонӣ коркард намоед (спирт 70%). Дар дохили киштзор ва гармхонаҳо домҳои равшанидиҳанда, ё феромонӣ ва варақаҳои часпак гузоред. Ин боиси несту нобуд гардидани ҳашаротҳои зараррасон мегардад.

Киштзори сабзӣ дар кишти такрорӣ дар ин мавсим ба обёрӣ ва ғизо эҳтиёҷи зиёд дорад. Пошидани 200 – 250 кг/га нуриҳои азотӣ барои ҳаҷман калон шудани бехи сабзӣ таъсири калон мерасонад. Аз алафҳои бегона тоза намудани киштзори сабзӣ ба фоидаи кор аст. Мушоҳида намудан лозим аст, ки ҳашаротҳои зараррасон ба киштзори сабзӣ зарари худро нарасонад. Дар мавриди зиёд гардидани ҳашаротҳои зараррасон истифодаи инсектитсид акаритсиди Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) бениҳоят самарабахш аст.

Қаламфури ширин низ зироати сабзавотии ба намнокӣ ва ғизонокии хок серталаб ба шумор меравад. Дар ҳолати нарму ғизонок будани хок ҳосилнокии қаламфури ширин зиёд мегардад. Лекин ба гармии баланди ҳаво тобовар нест. Дар моҳи сентябр ҳаво дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ хело салқин мешавад ва барои сифатан баланд гардидани меваи қаламфури ширин таъсири хуб мерасонад. Барои ҳамин ин зироатро дар бисёр кишварҳои дунё дар зери иншоотҳои бо тӯр пӯшонидашуда парвариш менамоянд. Яъне то 30% нури офтобро паст намуда парвариши онро ба роҳ мемонанд. Дар ҳолати набудани имконият барои харидории тӯрҳо кишти ҷуворимаккаро дар ҳар 1,5 м ба дарозии ҷӯяк истифода намоед. Дар ҳолати бениҳоят гарм будани ҳаво ва паст гардидани намнокии хок сифати меваи қаламфури ширин паст мегардад, яъне каҷу килеб ва хурд мешавад.

Дар ҳолати бениҳоят гарм будани ҳаво яку якбора обёрӣ намудани қаламфури ширин бениҳоят хатарнок аст. Ин ба пайдоиши касалии пажмурдашавии фузариозӣ оварда мерасонад, ки бартараф намудани ин касалӣ дар мавриди пайдоиш ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, бегоҳирӯзӣ обёрӣ намудан дуруст аст. Обёрӣ тарзе анҷом дода мешавад, ки ҷӯяки қаламфури ширин пурра нам нашавад. Нармкунӣ ва коркарди байни қаторҳо ва аз алафҳои бегона тоза намудани киштзор яке аз омилҳои гирифтани ҳосили баланди ин зироат мебошад.

Хурсандӣ Сафаралиев