Корҳои саҳроӣ барои ғунучини ҳосили пиёзи дерпазак дар моҳи сентябр бояд давом дода шавад. Барои кишти пиёзи барвақтӣ тайёр кардани замин барои кишт (шудгори замин, даровардани нуриҳои минералӣ пеш аз кишт (Нитроаммафос 300кг, Карбамид 50кг), интихоби тухмиҳои хушсифати пешпазак, кишти тухми пиёз, пеш аз обёрикунӣ мубориза бар зидди алафҳои бегонаи яксола бо истифода аз гербитсиди Стомп 33% 4-6 л/га гузаронида шавад ва баъд аз 48 соати коркард обмонӣ гузаронида шавад. Барои муҳофизати кимиёвӣ аз алафҳои бегона ва ҳашаротҳои зараррасон, кирми тирамоҳӣ Нурел Д (0,5л /га) бо ҳамроҳи Стомп якҷоя пошидан тавсия дода мешавад. Инчунин барои пешгирӣ аз касалиҳо ва хунукиҳои зимистона ғизодиҳӣ аз барг (1 маротиба) бо Агровитамин (барои 1 га 0,5л+1,0л Оракул МКС бо 300л об омехта) гузаронида шавад. Ин чорабинӣ кӯчати пиёзро аз хунукиҳои зимистона эмин нигоҳ медорад.

Максут Отабеков