Дар моҳи сентябр асосан корҳои агротехникӣ, яъне обёрикунӣ, мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, ғизодиҳии асосӣ ва аз баргро гузаронидан лозим аст. Инчунин, буриши шохаҳои паҳлӯгӣ ё шохҳои навпайдошуда аз ҷойҳои буридашуда тавсия дода мешавад. Дар 15 рӯз як маротиба шустани баргҳои лимӯ баъд аз соати 16:00 тавсия дода мешавад. Обёрикунӣ бояд 1 маротиба ҳар 7-8 рӯз (намнокии хок 65-70%) гузаронида шавад.

Барои мубориза бар зидди тортанакканаи оддӣ, ширинча, сипарболакҳо бегоҳӣ бо маҳлули Энжио (2,5 мл-ро бо 10 литр об), Би- 58 (10мл ба 10л об) коркард гузаронидан лозим аст. Дар вақти пайдошавии тортанакканаи сурх ва нуқрагин бо препарати акаритсиди Ортус (Орто Стан) (10 мл дар 10 литр об омехта) ё 1% ИСО коркард кардан тавсия дода мешавад.

Моҳи сентябр давом додани мубориза бар зидди куяи лимӯ, сафедболаки зарди гармхона бо инсектоакритсиди Актеллик 20мл ё Данадим эксперт 10мл ба 10л.об омехта коркард кардан тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамини Долина ва Оракул МКС (20 мл бо 10 л об омехта) дар вақти мевабандӣ гузаронида мешавад. Барои ғизои асосӣ 50-100 гр Мочевина, Суперфосфат, Калий сулфатро ба ҳар як буттаи лимӯ дар вақти калон шудани меваҳо додан лозим аст. Инчунин, даровардани нуриҳои органикӣ тавсия дода мешавад.

 Максут Отабеков