Заъфарон (ба забони русӣ шафран) гиёҳи зебо, аҳамияти доруворидошта, хуштамъ ва хушрангкунандаи ҳам хӯрокаю ҳам матоъҳо мебошад. Аз қадим дар Миср, Ҳиндустон, Эрон, Осиёи Марказӣ ва Сурия парвариш мешавад. Эҳтимол дар ҳамин мамлакатҳо нахуст хонагӣ кунонида шудааст. Ҳоло ин растаниро ҳамчун гиёҳи қимматбаҳо дар Покистон, Ҳиндустон, Хитой, Ҷопон, ИМА, Австралия, Испания ва Афғонистон кишт менамоянд.
Заъфарон растании алафии бисёрсола буда, ба оилаи савсанҳо дохил мешавад. Ба бойчечак бисёр монандӣ дорад, ҳам аз ҷиҳати морфологӣ ва ҳам биологӣ. Пиёзакҳояш куррашакл, диаметраш то 3см. Танааш то 10-30см баланд мешавад. Баргҳояш борик, пиёзи нав сабзидаистодаро ба хотир меорад. Дарозиаш то 18-20см. Гулҳояш зангӯлашакл. Аз ҳар тана одатан якто, баъзан 2-5-то мерӯяд. Ранги гулаш вобаста аз навъ бунафш, зард, сурхи баланд, ҷигарӣ, кабуди баланд, сафед, осмонранг, инчунин дурангаи рах-рах шуданаш мумкин аст.
Аз ҷиҳати вақти гулшукуфӣ заъфарон ба аввали баҳорӣ ва тирамоҳӣ ҷудо мешавад. Мӯҳлати гулшукуфиаш 5-8 рӯз давом мекунад. Тухмҳояш ниҳоят майда, дар ғӯзаҳои – қуттичаи секунҷа ривоҷ меёбад.
Заъфаронро бо мақсади ба даст овардани як узви гулаш – гардгираки он «заъфар» парвариш менамоянд. Барои ҷамъ кардани як кг гардгираки нозук зиёда аз 100-150 ҳазор гули заъфарон лозим аст. Аз як гектар кишти заъфарон вобаста ба навъ ва шароити ҷои кишти он ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 5-6 кг гардгираки хушк ҷамъ менамоянд ва ин кор дастӣ иҷро карда мешавад. Аз ҳамин лиҳоз арзиши он дар бозор ниҳоят қиммат аст. Барои мисол як кг заъфарони испанӣ 15-20 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад. Нархи заъфари кашмирӣ то 30 ҳазор доллар. Арзиши заъфари эронӣ бошад нисбатан арзон, 400-500 доллар аст.
Пас аз ҷамъ намудани гардгиракҳои гули заъфарон онҳоро хушк менамоянд. Ҳар як истеҳсолкунанда аз рӯи технология ва коркарди худӣ маҳсулотро тайёр менамояд. Маҳсулоти тайёркардашуда монанди риштаҳои хушки сурх ва ё сурхи ҷигарранг мегардад.
Як грамм заъфар ранги як метри кубӣ обро зард карда метавонад. Бинобарон вайро барои рангубор намудани матоъҳо маҳсулоти қаннодию хӯрокворӣ ва доруворӣ васеъ истифода мебаранд.
Агротехникаи заъфарон
Заъфаронро асосан бо роҳи вегетативӣ, яъне пиёзакҳои навашро аз модариаш ҷудо намуда, миқдорашро зиёд менамоянд. Ҳар сол аз пиёзакҳои модарии заъфарон 3-10 то пиёзакҳои нави ҷавон ривоҷ меёбад, ки онҳоро ба замини кишт мешинонанд. Заъфаронро аз тухмиаш сабзонидан ҳам мумкин аст, ки ин намуди парваришро усули генеративӣ меноманд. Лекин заъфарони бо воситаи тухмиаш кишт кардашуда танҳо соли 3-4 ба гулкунӣ шуруъ менамояд. Бинобарон усули беҳтарини парвариши он бо роҳи пиёзакҳояш мебошад. Дар як ҷой заъфарон 3-5 сол нағз ривоҷ ёфта, мунтазам гул карданаш мумкин аст.
Заъфаронро одатан дар майдончаҳои кишт, дар заминҳои кушод ва ё баъзан, дар шароити хонаю гармхонаҳои замонавӣ мепарваранд. Барои дар шароити хона ва ё тубакҳо парваридан хоки махсус тайёр мекунанд, ки иборат аз 50% поруи органикии пӯсида, 40% қуми дарё ва 10% хоки ҳосилхези қабати рӯи замин.
Заъфарон дар замини бо равшанӣ таъминбудаи шамолпанаҳ ва хокаш сабуки серғизо нағз ривоҷ ёфта, саросар гул мекунад. Барои кишти пешакӣ ба замин нурии органикии пӯсида аз ҳисоби ба ҳар як м2 5-6 кг, суперфосфат 30-40г ва селитра 20-25г дохил карда, ба чуқурии 20см шудгор менамоянд. Пиёзакҳои заъфарони навъҳои тирамоҳиро фасли баҳор ва баҳориашро аввали тирамоҳ мешинонанд.
Заъфаронро дар майдончаҳои растанипарварӣ дар пуштаҳои паҳноияш 1-1,2м, байни қаторҳояш 15см мешинонанд. Пиёзакҳои нисбатан калонтарро ба чуқурии 8-10см ва майдаҳояшро 4-5см, масофаи байни растаниҳо 5-7см ҷой мекунанд. Навъҳои заъфарони ороиширо дар боғу кӯчаҳо нисбатан ҷафстар дар масофаи байни пиёзакҳо 3-4см мешинонанд. Дар вақти нав ривоҷ ёфтани кӯракҳои якум ҳамчун озуқа ба ҳар як м2 20г аммофос медиҳанд. Дар моҳи июн пас аз зард шудани ранги баргҳо пиёзакҳои заъфаронро ҷамъ намуда, дар ҷои соя хушк мекунанд. Пиёзакҳои навашро аз модариаш ҷудо менамоянд. Пиёзакҳои ҷамъ кардашударо то вақти шинонидан дар ҷои ҳарораташ 18-200С нигоҳ медоранд. Дар вақти шинонидан ҳарорати беҳтарин +100С ҳисоб меёбад. Заъфарон гарчанде ба хунукиҳо тобовар бошад ҳам, аз фасли тирамоҳ болои онҳоро то аввали баҳор бо баргҳои хазоншуда рӯйпуш кардан лозим аст.
Заъфаронро дар банкаҳои шишагии даҳонаш сахт маҳкам дар ҳарорати 15-300С, дар ҷои соя ва хушк нигоҳ доштан лозим аст.
Муҳофизати заъфарон
Аз ҳашаротҳо ба заъфарон асосан ширинча зарар мерасонад. Ширинча баргҳоро не, қисми зери заминии танаи онро мемакад. Аз ин сабаб мушоҳида намудани ин зараррасон душвор мебошад. Бар зидди онҳо маҳлули карбофосро истифода бурдан тавсия дода шудааст.
Заъфарон баъзан аз касалиҳои замбӯруғӣ зарар мебинад, ки сабабаш аз ҳад зиёд истифода бурдани пору мебошад. Барои пешгирӣ намудан пиёзакҳои заъфаронро пеш аз шинонидан дар муддати 15-20 дақиқа дар маҳлули рангаш бунафши маргансовка ва ё 30 дақиқа бо маҳлули 0,2% -и бенлата коркард намудан натиҷаи хуб мебахшад.
Навъҳои беҳтарин ва бештар паҳншудатарини заъфарон инҳоанд: Страйпед Бьюти, Пиквик, Ремембранс ва Шренка.
Акбар МУХАМЕДОВ