Дар чорчӯбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо давраи аввали вебинарҳо дар мавзӯи системахои ҳамгирошудаи идоракунӣ «СҲИ» дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Бинобар ворид намудани қоидаҳои бехатарӣ, ки бо сар задани пандемия ба вуҷуд омадаанд, семинарҳо дар шакли вебинарҳо бо иштироки зиёда аз 30 коршиносон ва мушовирон гузаронида мешаванд. Дар доираи барнома инчунин боз ду вебинарҳои ҳафтаина, омӯзиши рӯзона, аз ҷумла имтиҳон ва татбиқи таҷрибавии донишҳои андӯхташударо дар як қатор корхонаҳои минтақа дар давоми соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.
Ҳадафи тренинги мазкур ин таҳкими иқтидори коршиносон ва мушовирони минтақавӣ мебошад, ки мақомоти дахлдори давлатӣ ва бахши хусусии кишварҳои Осиёи Марказиро дар соҳаи системаи ҳамгирошудаи идоракунии сифат намояндагӣ мекунанд.
Тренингҳо аз ҷониби мақоми аккредитатсияшудаи австриягии Quality Austria гузаронида мешаванд, ки ташкилоти пешбар дар соҳаи системаҳои ҳамгирошудаи идоракунӣ дар асоси идоракунии сифат, ҳифзи муҳити зист, ҳифзи меҳнат ва амнияти саноатӣ ва инчунин стандартҳои саноатӣ мебошад.
Тренингҳои мазкур аз ҷониби консортсиуми “CANDY V» бо роҳбарии ташкилоти байналмилалии Hilfswerk International дар доираи лоиҳаи “Ҳамгироии минтақавӣ ва баландбардории иқтидори рақобатнокии КМХМ дар агробизнес ва мусоидат ба тиҷорат дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби барномаи «Осиёи Марказӣ — Инвест V» Иттиҳоди Аврупо ва Агентии Австриягии Рушд маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда шудааст.