Корҳои агротехникие, ки дар моҳи июл бояд иҷро карда шавад обёрӣ, хишовакунӣ ва муҳофизати кимиёвӣ аз алафҳои бегона ва ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо мебошад. Ғизодиҳии асосӣ (2 маротиба) ва аз барг (2 маротиба) мебошанд. Дар вақти нашъунамо ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин (барои 1 га 0,5л+1,0л Оракул МКС якҷоя бо 300л об омехта), Кода (барои 1 га 0,7 л-ро бо 300л об омехта) пошидан тавсия дода мешавад. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд.

Барои мубориза аз касалиҳои алтернариоз ва пӯсишҳои ҳархела – бо Курзат Р (барои 1 га 2,5 кг-ро бо 300-400 л об омехта), ё бо фунгитсити Квадрис (барои 1 га 0,8 л-ро бо 300-400 л об омехта) коркард гузаронидан тавсия дода мешавад. Ҳангоми пайдоиши трипс бояд Вертимектин (барои 1 га 0,6 л + Нурелл Д 1,0л-ро бо 300 л об омехта) ва ё Энжио (барои 1 га 250мл + Моспилан 0,3 кг-ро бо 300 л об омехта) гузаронидани коркард ҳатман бегоҳӣ тавсия мешавад.

Махсут Отабеков