Дар шароити ҷумҳурии мо навъҳои нок вобаста ба давраи пухтарасии мева гуногун шуда, аз навъҳои бениҳоят пешпаз, то навъҳои дерпаз парвариш меёбанд. Новобаста аз пухтарасии меваҳо нигоҳубини дарахтон бояд дуруст ба роҳ монда шавад. Барои рушди меваҳо ғизодиҳӣ ва обёрӣ дар моҳи июл бениҳоят зарур аст. Барои навъҳои миёна ва дерпаз метавонед ғизодиҳии ғайрирешагиро бо истифода аз Nutrivant fruit (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта ) истифода намоед. Хуб мешавад, ки ин ғизодиҳиро баъд аз гузаронидани буриши сабз анҷом диҳед. Дар ҳолати анбӯҳ будани шоху навдаҳои дарахтони нок Шумо метавонед, навдаҳои болои ҳам хобидаро пурра аз бех бурида партоед. Ё ин ки навдаҳои босуръат сабзандаро нӯгкан намоед. Яқ қатор навдаҳои сабзидаро метавонед аз қисми мобайнӣ ё 3 ва 4 барг монда, бурида, кӯтоҳ намоед. Ин чорабинӣ сабаби ташаккулёбии муғчаҳои ҳосилдиҳанда мегардад. Мақсади гузаронидани буриши сабз сарфи моддаҳои ғизоӣ барои ташаккулёбии муғчаҳои ҳосилдиҳанда ва замина барои гирифтани ҳосили соли оянда мебошад.

Дар моҳи июл бисёр ҳашаротҳои зараррасон рушд ёфта истодаанд. Дар боғ истифодаи домҳои феремонӣ ва истифодаи ҳашаротҳои фоидаовар ба монанди Трихограмма, Габрабракон ва Тиллочашмак бисёр самарабахш аст. Дар мавриди пайдоиши ҳашаротҳои зараррасон ба мисоли сипарболак, ширинчаҳо, мевахӯраки нок ва тортанаккана инсектитсид акаритсидҳои Актеллек (барои 1 га 2 л-ро ба 1000 л об омехта) ва ё Данадим Эксперт (барои 1 га 1,5-2,0 л-ро ба 1000 л об омехта) истифода намоед.

Реҷаи обёрӣ бояд мӯътадил ба роҳ монда шавад.

Хурсандӣ Сафаралиев