Барои гандум дар моҳи июл гузаронидани обёрии киштзор аз рӯи меъёр ва талаботи агротехникӣ, мубориза ба зидди алафҳои бегона — дастӣ, ғизодиҳӣ аз барг тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин (барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 л об омехта) 1-2 маротиба бо фосилаи 10 рӯз гузаронидан хело муфид аст. Инчунин чораҳои омодагӣ барои ҷамъоварии ҳосил гузаронида шавад.

Махсут Отабеков