Дар аксарияти хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат деҳқон дафтарчаи меҳнатӣ надорад! Муносибатҳои кори ӯ ва Корфарморо кӣ бояд ба танзим дарорад? То ба кай занҳо ба мардикорӣ машғул мешаванд? Чӣ бояд кард?

Дар тамоми дунё маъмулан ҳар шахс барои ба кор даромадан, бо хоҳиши худ ба унвони раҳбари корхона ариза менависад. Раҳбари корхона онро баррасӣ карда, фармони ба кор қабул шудани ӯро содир мекунад. Вақте коргар корро шурӯъ кард, ба вай дар муддати панҷ рӯзи корӣ дафтарчаи корӣ боз мекунанд. Дар ин ҳуҷҷати расмӣ маълумот дар бораи қабул ба кор, сана ва ба ҳайси кӣ ба кор қабул шудани коргар, шумораи фармони раҳбари муассиса сабт шуда, дар он мӯҳру имзои ӯ гузошта мешавад. Дар сурати барои кор ба дигар коргоҳу муассиса гузаштани ӯ, боз ҳам аризаи вай гирифта шуда, дар дафтарчаи корӣ санаи фармони аз кор озод шудан ва сабаби аз кор рафтани вай зикр мегардад. Дар ин ҳуҷҷат инчунин дар бораи ҷоизаву мукофотҳо ва воситаҳои ҳавасмандкунии шахс сабт мешаванд. Ҳангоми аз кор озод кардани корманд дар рӯзи охирини кор ба ӯ дафтарчаи корӣ супорида мешавад. Дар сурати роҳ додан ба кашолкорию таъхир дар додани дафтарчаи корӣ аз тарафи Корфармо, ба Корманд барои ҳар рӯзи кашолкоришуда музди миёна дода мешавад.

Ин қоидаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон низ дар аксарияти муассисаву корхонаҳои давлативу хусусӣ риоя мешавад. Вале дар бахши кишоварзии кишвар, ки аксар дар он машғули коранд, ин шарти муҳими ҳуқуқи шаҳрванд – яъне ба расмият даровардани дафтарчаи корӣ ва ба роҳ мондани сабти лозим дар он риоя намегардад.

Назар ба суханони Бобоҷон Домуллоев –директори филиали Маркази такмили ихтисоси кормандони кадрҳои комплекси агросаноатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур дар вилояти Суғд, дар қисмати шимоли Тоҷикистон дар заминаи 62 хоҷагиҳои дастҷамъона (колхоз) ва 63 хоҷагиҳои давлатӣ (совхоз) то ба якуми январи соли 2020 68 ҳазору 670 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфтанд. Идораи чунин миқдор хоҷагӣ, албатта, мушкил аст. Ҳамзамон, ин раванд дар ҳифз намудани манфиатҳои кишоварзон низ таъсири манфӣ ба бор овардааст.

Дар давраи шӯравӣ барои он ки шахс ба нафақа барояд, бояд ӯ собиқаи корӣ ва дафтарчаи меҳнатӣ медошт. Мутаассифона, дар солҳои охир, баъди таҷдиди сохтории хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба расмият даровардани дафтарчаи кории кишоварзон, аъзои хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ ва дастаҷамъона ба як мушкил табдил ёфт. Ҳарчанд дар ин маврид иттифоқи касабаи кормандони маҷмаъи кишоварзию саноатӣ ба мақомоти марбутаи болоӣ муроҷиат карда, ҳалли масъаларо низ пешниҳод карданд, мушкил ҳамоно ҳаллу фаслнашуда боқӣ мондааст.

Дар моддаи 35-уми Қонун «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ» гуфта шудааст: «Давраи дар хоҷагии деҳқонӣ кор кардани аъзо ва шаҳрвандоне, ки дар хоҷагии деҳқонӣ тибқи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, ба собиқаи умумӣ ва бефосилаи кории онҳо ҳисоб карда мешавад. Собиқаи кории шахсони мазкур аз тарафи хоҷагии деҳқонӣ дар асоси сабтҳои дафтарчаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи узвияти суғуртаи иҷтимоӣ ҳисоб карда мешавад. Пешбурди дафтарчаи меҳнатӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбари хоҷагии деҳқонӣ таъмин карда мешавад».

Дар моддаи 56-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки «Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд ҳуҷҷатҳои асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд. Намуна ва тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин номгӯи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Корфармо вазифадор аст ба ҳамаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 рӯз кор кардаанд, дафтарчаҳои меҳнатӣ кушояд. Ин нукта дар як қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (25.03.11 таҳти рақами №683) низ таъкид гардидааст. Ба кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушода намешавад.

“Азбаски дониши ҳуқуқии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ комил нест, аксарияти онҳо маълумоти кофӣ, яъне на маълумоти иқтисодӣ ва на маълумоти ҳуқуқӣ доранд. Бинобар ин чиз аз мадди назари раёсатҳои кишоварзӣ ва Вазорати кишоварзӣ дур мондааст, – таъкид медорад Бобоҷон Домуллоев. – Касе ба ин амали барои кишоварз зарурӣ машғул нест. Агар хоҷагии деҳқонӣ чун шахси ҳуқуқӣ сабт шуда бошад, вай дорои мӯҳр аст. Барои ҳамин метавонад худаш сабту расмикунонии дафтарчаи кориро ба роҳ монад. Вале вақте хоҷагии деҳқонӣ инфиродӣ асту муҳр надорад, масъалаи боз, сабт ва ба расмият даровардани дафтарчаи корӣ ҳамоно ҳалношуда боқӣ мондааст. Ҳоло дар ҳама ҷамоатҳои деҳот муовинони раис оид ба кишоварзӣ ва мутахассисони ин соҳа фаъолият мебаранд. Онҳо метавонанд ба кишоварзон дар пешбурди фаъолияташон ва дар кори ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои онҳо кӯмак намоянд. Агар тавассути қонунгузорӣ иҷозати гузоштани мӯҳри Раиси ҷамоатро ба дафтарчаи кории аъзоёни хоҷагиҳои инфиродӣ ва оилавӣ ба роҳ монем, ин масъала то андозае ҳаллу фасл хоҳад шуд. Инчунин роҳи дигари ба роҳ андохтани расмисозии дафтарчаи корӣ мавҷуд аст. Тибқи Қонун дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ саҳмдорон метавонанд ихтиёрӣ тавассути як шартнома бо ҳам муттаҳид шуда, кооперативи истеҳсолӣ ташкил намоянд. Дар он сурат шакли моликият, яъне мақоми хоҷагӣ метавонад дигар – шахси ҳуқуқӣ шавад ва соҳиби мӯҳр гардад. Дар ин маврид низ ба роҳ мондани барасмиятдарории дафтарчаҳои корӣ имконпазир мегардад”.

Имрӯз ҳазорҳо нафар духтарону бонувон ҳамарӯза дар назди бозори мардикорон ва ё ҷойҳои махсус барои пешниҳоди хизматрасониҳои кишоварзӣ ҷамъ мешаванд, то маблағе барои зиндагӣ ба даст оваранд. Агар дақиқтар ба шахсияташон таваҷҷӯҳ кунед, онҳо ҳама собиқ корманди колхоз ва ё фарзандони онҳо ҳастанд. Вале ба ҳангоми таҷдиди сохтории заминҳои кишоварзӣ бо ҳар гуна сабабу омилҳо ба онҳо порчаи замин ҳамчун саҳм нарасидааст. Соҳиби замин онҳое шудаанд, ки ҳатто рӯзе дар саҳро кор накардаанд. Ҳоло он заминдорони нав занону духтарони аз саҳм бебаҳра мондаро бурда, чун коргари кироя кор мефаромоянд. Музди кори ин гуна мардикорзанҳо ночиз: 25-30 сомонӣ дар як рӯз аст.

Ман дар ҳудуди 30 сол дар колхоз кор кардам, -мегӯяд Шарифа ном зане аз ноҳияи Ашт, ки алҳол муқими кишвари Русия аст. – Ҳамасола аз ҳамон рӯзи оғози корҳои саҳроӣ то ба чидани охирин пағаҳои пахта дар саҳро кор мекардам. Вале колхоз барҳам хӯрду таҷдиди сохторӣ ба амал омад ва ба ман ягон порча замин чун саҳм нарасид. Боз ҳам барои кӯмак ба замини шиносу ношиносҳо ба кор мерафтам ва андак маош мегирифтам. Вале соли гузашта тасмим гирифтам, ки ба назди шавҳарам ба Русия равам. Баъди дарёфти ҳуҷҷати иқомати доимӣ, хостам ба корхонае ба кор дохил шавам. Дар феҳрасти санадҳое, ки ман бояд пешниҳод карданд, нахуст аз ҳама дафтарчаи меҳнатӣ қарор дошт. Агар ман дафтарчаи меҳнатӣ медоштам, бо он собиқаи корӣ метавонистам пас аз чанде ба нафақа бароям. Хостам, ки тавассути шахсони наздикам ба бойгонии собиқ колхоз муроҷиат кунам. Вале дар онҷо гуфтаанд, ки бояд ба бойгонии ноҳиявӣ муроҷиат намоем. Вале хешонам фурсати ба маркази ноҳия рафта, чанд рӯз мунтазир шудани посухи аризаамро надоштанд. Ман маҷбур шудам корро дар Русия бо дафтарчаи кории нав оғоз кунам, яъне аз сифр шурӯъ кардам”– илова кард ӯ.

“Ман ҳар субҳ ба бозори мардикорзанҳои маркази ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров меравам. Корфармо меояду барои як рӯз гирифта мебарад. Бештар моро ба кишти шолӣ ва хишова кардани он ҷалб мекунанд. Тамоми рӯз дар даруни об ҳастем. Вале оянда чӣ мешавад, намедонем. Зеро дафтарчаи корӣ надорем ва рӯзҳои кории мо дар ягон ҷо сабт намешавад, – арз медорад Дилбар ном бонуи тақрибан 40-сола.

Умри ман тамоми сол дар корҳои саҳроӣ мегузарад, – мегӯяд як нафар зан аз ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов. – Моро ба хишоваи помидору бодиринг, пиёзу сабзӣ, ягонаву каланд кардани бехи ниҳолҳо, сарчину ғунучини пахта мебаранд. Дар хона кирмак ҳам парвариш мекунем. Вале дафтрачаи корӣ надорам. Ба кӣ бояд муроҷиат кунам, намедонам? – бо содагӣ суол мекунад Орзу ном мардикорзан.

Воқеан, дар корҳои саҳроӣ бояд саҳмдорон машғул бошанд. Вале чунин ба назар мерасад, ки дар аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ бештар ба ҷойи онҳо истифодаи васеъи нерӯи коргарони кироя ба роҳ монда шудааст. Дар аксарияти ноҳияҳо занҳое пайдо шудаанд, ки вазифаи саркориро иҷро мекунанд. Онҳо то 15-20 нафар духтарони деҳотиро дар атрофи худ ҷамъ карда, дар заминҳои заминдорони калон кор мефармоянд. Корфармо ба Фонди суғуртаи иҷтимоӣ ба номи ин коргарони кироя ҳатто он маблағи ҳаддиақалеро, ки моҳона барои саҳмдорони қаторӣ 15 сомонӣ муқаррар гардидааст, пардохт намекунад. Дар натиҷа, вақте ин ҳама духтарҳо ва бонуҳо бо гузашти сол ба синни нафақа мерасанд, чун дафтарча ва собиқаи корӣ надоранд, дар Фонди суғуртаи иҷтимоӣ маблағи захирашуда надоранд, ба дарёфти нафақаи шоиста мушарраф намешаванд. Фаромӯш набояд кард, ки кори саҳроӣ ва вазнин ба саломатии аксарияти занон зарбаи калон зада, вақти нафақа баромадан аксарияти онҳо бемориҳои музмин (хронически) мешаванд ва эҳтиёҷ ба дорую дармони зиёд доранд.

Ба андешаи коршиносон, чунин вазъ, насли кунунии кишоварзонро аз деҳқонӣ ноумеду дилсард кардааст ва ин ҳаргиз ба пешрафти соҳа мусоидат нахоҳад кард! Вақти он расидааст, ки сари ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем.

Тилав РАСУЛЗОДА