Барои полезиҳои миёнапаз: Корҳои агротехникие, ки дар ин моҳ бояд иҷро карда шаванд кишти такрории тухмӣ, каландкунӣ, ғизодиҳии асосӣ ва аз барг, обёрӣ, нармкунии байни қаторҳо, рост кардани полокҳо, нест кардани алафҳои бегона ва нармкунии пуштаҳо мебошанд. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамоянд. Ғизодиҳӣ аз барг ва аз реша бо Агровитамин (барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 л об омехта) ва ё Атонник (барои 1 га 150 мл-ро бо 300 л об омехта) 3 маротиба бо фосилаи 10 рӯз якҷоя бо обёрӣ гузаронида мешавад.

Барои муҳофизат аз фузариоз риоя намудани киштгардон, ғизодиҳӣ аз барги растанӣ (ғизоҳои фосфордор), аз гардзанӣ (мучнистая роса) коркард бо фунгитсиди Топаз (барои 1 га 150-200 мл-ро бо 300 л об омехта), пӯсиши реша (корневая гнил) коркард бо Курзат Р дар вақти пайдошавии касал (барои 1 га 25 гр-ро бо 10 л об омехта) пошидан ва якбора ба реша рехтан тавсия мешавад.

Ҳангоми пайдоиши кирми харбуза заҳрдоруи Энжио (барои 1 га 3 мл-ро бо 10 л об омехта) ва ё Нурелл Д (барои 1 га 5 мл-ро бо 10 л об омехта) – ро бо фосилаи ҳар 6-7 рӯз пошидан лозим аст. Дар мавриди мавҷуд будани тортанакканаи оддӣ гузаронидани коркард бо Омайт (барои 1 га 1-1,5 л-ро бо 300 л об омехта), ё Вертимек (барои 1 га 0,3-0,5 л-ро бо 300-400 л об омехта) ва ё Тиовит Джет (барои 1 га 1,6-2,0 кг-ро бо 300-400 л об омехта) зарур аст.

Махсут Отабеков
Акмал Насруллоев