Барои гандум дар моҳи июн гузаронидани обёрии киштзор аз рӯи меъёр ва талаботи агротехникӣ, мубориза ба зидди алафҳои бегона бо усули кимиёвӣ ва дастӣ тавсия дода мешавад.

Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалии занг ва дигар намуди касалиҳои занбӯруғӣ дар ин марҳила, коркард бо маҳлули фунгитсиди Алто Супер (барои 1 га 0,3-0,4 л-ро бо 300 л об омехта) ё Тилт (0,5 л-ро бо 300 л об омехта) гузаронида мешавад. Коркард дар давраи хӯшабарорӣ мӯътадил мебошад.

Барои муҳофизати зироат аз зараррасонҳо, масалан: ширинча, трипс, сангпӯшакчаҳо (клоп) ҳатман заҳрдоруи Каратэ 5% (барои 1 га 0,200 л- ро бо 300 л об омехта) пошидан лозим аст. Бояд қайд кард, ки коркарди фунгитсидиро якҷоя бо ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин (барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 лоб об омехта) 1-2 маротиба бо фосилаи 10 рӯз гузаронидан хело муфид аст.

Махсут Отабеков
Акмал Насруллоев