Боридани боронҳои бардавом дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ боиси авҷ гирифтани касалиҳои занбӯруғӣ дар токзорҳо гардиданд. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ намудан аз пайдоиши касалиҳои занбӯруғӣ пеш аз ҳама гузаронидани хомток зарур аст. Навдаҳои беҳосил бо як мувозинати муайян аз дохили шохсори растании ток канда партофта мешаванд. Гузаронидани хомток имконият медиҳад, ки расидани ҳаво ва нури офтоб дар байни қабатҳои ток беҳтар гардида, боиси камтар пайдо гардидани касалиҳои занбӯруғӣ мешавад.

Баъд аз гузаронидани хомток шоху навдаҳои токро дар болои ток ё хавоза бастубанди дуруст намудан лозим аст. Шоху навдаҳо бояд тарзе бастубанд шаванд, ки нури офтоб дар сатҳи барг баробар расад. Баъд аз гузаронидани ин чорабиниҳо пошидани фунгитсиди Фоликур (барои 1 га 0,3 л-ро бо 1000 л об омехта) метавонад афзоиши замбӯруғҳоро баъд аз ин боронҳои бардавом несту нобуд намояд. Аслан истифодаи зиёди заҳрдоруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад. Лекин дар ҳолатҳои зарурӣ, ба монанди баъд аз боридани боронҳои бардавом, ки боиси авҷи касалиҳои занбӯруғӣ мегардад ё ин, ки зиёд гардидани ҳашаротҳои зараррасон пошидани бомеъёри онҳо тавсия дода мешавад. Барои гирифтор нашудан ба касалиҳо танҳо пешгирии он зарур аст. Дар ҳолати васеъ паҳн шудани касалӣ, зарари худро ба дараҷаи муайян расонида, ҳосилнокии токзорро кам намуда, сифати молии онро паст гардониданашон мумкин аст.

Оиди паҳншавии ҳашароти зараррасон низ бодиққат будан лозим аст. Дар мавриди оғози пайдоиши онҳо пошидани заҳрдоруҳо тавсия дода мешавад. Ҳангоми пайдоиши кирми хӯша (гроздевая листевёртка) дар токзор бо маҳлули Нурелл Д (барои 1 га 1,5 л-ро бо 1000 л об омехта), кирминаи ордакмонанди ангур (виноградный мучнистый червец) бо маҳлули Актеллик (барои 1 га 2,0 л-ро бо 1000 л об омехта) коркард гузаронидан тавсия карда мешавад.

Реҷаи обёриро дуруст ба роҳ мондан лозим аст. Аз меъёр зиёд обёрӣ намудан низ боиси авҷи касалиҳо дар низоми реша ва дохили токзор мегардад. Обёрии аз меъёри зарурӣ кам бошад, боиси заиф гардидани рушди ток гардида, ҳосилнокӣ паст мешавад.

Хурсандӣ Сафаралиев