Дар Тоҷикистон маҳсулоти воридотӣ нисбат ба истеҳсолот ба маротиб зиёд шуда, боиси боло рафтани арзиши нуриҳои минералӣ шуда истодааст. Харидории нуриҳо бо нархи гарон барои деҳқони оддӣ душворӣ ба миён оварда, киштзорҳо аз касаливу зараррасонҳо бисёртар осеб диданашон мумкин аст. Аз ҳамин сабаб олимон тасмим гирифтанд роҳҳои алтернативии муҳофизати растаниҳоро пешниҳод кунанд.  Истифодаи манбаъҳои маҳаллии ғизоӣ, ё нуриҳои органикӣ роҳи ҳалли масъала ба ҳисоб меравад. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки компост беҳтарин нурии органикӣ ва роҳи мубориза бо касаливу ҳашаротҳо дониста шудааст.

Компост — нуриест, ки дар натиҷаи таҷзияи омехтаи моддаҳои гуногуни органикӣ ё партовҳои коммуналӣ ҳосил мешавад. Компост аз элементҳои ғизоии нитроген, фосфор, калий ва ғайра, ки барои растаниҳо зарур аст, бой мебошад. Инчунин компост ҳосилнокии зироатҳоро зиёд гардонида, замини Шуморо ҳосилхез менамояд. Маҳсулоти асосӣ барои тайёр кардани компост инҳоянд: пору, ахлоти парранда, торф, решаву пояи растаниҳо, барги дарахт, аррамайда, ему хошоки вайроншуда ва ғ. Барои тайёр кардани компост ба омехтаи он ҳаргиз шишамайда, партовҳои пластикӣ ё моддаҳои кимиёвиро омехта накунед.

Дар заминҳои зироаткории обёришаванда шӯршавии гумус дар хок хеле бошиддат мегузарад. Истифодаи компост дар хок боиси ба 0,4-0,5% зиёдшавии миқдори умумии гумус дар хок мегардад. Моддаҳои ғизоии таркиби компост ҳамчун манбаи ғизои растанӣ хизмат мекунанд.

Меъёри истифодаи компост: дар пахта, ҷуворимакка ва бехмеваҳо – 25-30 тн/га, дар ғаллазор 20 тн/га.

Таркиби тахминии компост:

Қисматҳои компост N % P % K %
Ғӯзапояи пахта ва ахлоти парранда 0,4 0,13 1,4
Пасмондаҳои сабзавот 0,49 0,12 0,9
Пасмондаҳои сабзавот + пору 0,4 0,1 0,9
Ахлоти парранда + аррамайда 1,0 0,4 0,46
Ахлоти омехта 0,44 0,13 0,92

Таъсири компост дар қабати шудгоршавандаи хок бемаҳдуд буда, он дар қабати зеришудгоршаванда низ ба амал меояд. Истифодаи 20 тн/га компост дар киштзор боиси захирашавии фосфор дар хок ва таъсири баъдинаи он ба таъминнокии хок бо фосфор ба таври мусбӣ арзёбӣ мегардад.

Дар шароити хокҳои обёришавандаи Тоҷикистон дар киштзорҳо барои баланд бардоштани ҳосилхезии хок, беҳтар намудани сохтор, хосиятҳои физикӣ, рӯёнидани ҳосили баланд ва хушсифат бо хароҷоти кам, тавсия мешавад, ки 20 тн/га компостро дар чуқурии 28-30 см зери шудгор намоянд.

Акмал Насруллоев