• Ҳангоми кор бо заҳдоруҳо ва нуриҳои минералӣ қатъиян қоидаҳои техникаи бехатариро риоя кардан лозим аст.
  • Муносибати бепарвоёна бо заҳдоруҳо ва нуриҳои минералӣ боиси касалиҳои гуногун ва ҳатто марги одамон мешавад.
  • Агар заҳдоруҳо ва нуриҳои минералӣ бо обҳои ҷорӣ ба дарёҳо, кӯлҳо ҷорӣ шаванд, ба моҳиҳо таъсири бад мерасонанд.
  • Ҳамеша либоси корӣ пӯшидан лозим аст:
  • Хилъат ва ё ҳадди ақал пешдоман бевосита расидани доруро ба пӯсти дорупошанда пешгирӣ мекунанд;
  • Пойафзоли резинӣ;
  • Кулоҳ ё кепка;
  • Дастпӯшаки резинӣ;
  • Айнак ва респиратор, агар дар дастур таъкид шуда бошад.
  • Ҳамаи ин либосҳои махсусро аз либосҳои дигар алоҳида нигоҳ доштан лозим аст ва ҳар дафъа баъди кор онҳоро бо собуни ҷомашӯӣ шустан тавсия мешавад.
  • Ҳар чизеро, ки шуста нашавад, бо латтаи ба маҳлули собун таркарда пок карда, баъд бо оби тоза бояд шуст.
  • Ҳангоми дорупошӣ дар атроф бояд одамон набошанд.
  • Дар заминҳои кушод саҳари барвақт ё бегоҳ дар вақти салқинӣ дору пошед.
  • Пеш аз дорупошӣ ҷараёни бодро муайян кунед. Чунон пошед, ки заҳр ва махсусан, гербитсид ба майдонҳои ҳамсоя паҳн нашавад.
  • Дорупошакро дар қисми пеши бадан нигоҳ доштан мумкин нест, онро дар бари худ нигоҳ доред.
  • Ҳангоми шамоли сахт дорупошӣ манъ аст.
  • Дорупошак бояд коршоям бошад. Заҳрдору набояд ба либос чакад.
  • Ҳангоми дорупошӣ хӯрдану нӯшидан мумкин нест.
  • Як нафар бояд бо дорупошаки дастӣ аз 5 соат зиёд кор накунад.
  • Ба заминҳои коркардшуда танҳо баъди 2 рӯз даромадан мумкин аст.
  • Коркард бо заҳдоруҳо бояд 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил қатъ карда шавад, дар акси ҳол, истеъмоли маҳсулоти ин майдон ба саломатии одамон таъсири бад мерасонад.
  • Баъди дорупошӣ ҳатман оббозӣ кардан лозим аст.
  • Хӯроки чорворо аз олудашавӣ бо заҳрдоруҳо эҳтиёт кунед.
  • Ба роҳ ёфтани заҳрдоруҳо ба обанборҳо ва манбаъҳои оби нӯшокӣ роҳ надиҳед.
  • Зарфу таҷҳизотро дар обанборҳо ва манбаъҳои оби нӯшокӣ нашӯед.
  • Истифодаи зарфҳои холии пестисидҳо барои эҳтиёҷоти маишӣ манъ аст. Зарфҳои хурд ё лифофаҳоро зери хок кунед ё сӯзонед.
  • Боқимондаҳои пестисидҳоро танҳо дар зарфҳои тамғаю дастурдор, дар ҷойҳои барои бачаҳо ва чорво дастнорас нигоҳ доред.
  • Фаромӯш накунед! Мо об намедиҳем! Мо дору мепошем! Заҳрдору набояд ба хок чакад.

Барои ноил шудан ба натиҷаҳои хуб:

  • Дар вақти дорупошӣ баргҳо бояд нам набошанд.
  • Ба обу ҳаво диққат диҳед, пеш ва баъди дорупошӣ борон набошад.
  • Ҳарорат аз +28°С баланд ё аз -15°С паст набошад.

Тартиби тайёр кардани моеъи корӣ ва калибркунонии дорупошакҳо.