Сармои аввали моҳи апрел ба ҳосили дарахтони мевадиҳандаи себ қисман зарари худро расонид. Барои беҳтар намудани нашъунамои дарахтони себ ва бартараф намудани фишори табиӣ истифодаи антистрессантҳоро, аз ҷумлаи Aminomax (барои 1 га 3 л-ро бо 1000 л об омехта), ё Nutrivant Greap (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта ) ва ё Basfoliar Avant Natur (барои 1 га 2 л-ро бо 1000 л об омехта) ба мақсад мувофиқ аст. Дар ҳолати пошидани антистрессантҳо растанӣ микроэлементҳои заруриро ба воситаи барг аз худ намуда, ҳолати худро беҳтар мегардонад.

Барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ва замина гузоштан ба ҳосили соли оянда боғпарваронро зарур аст, ки коркарди байни қаторҳо, буриши сабз ва обёриро ба роҳ монда, барои ғизодиҳии асосӣ нуриҳои азотию фосфориро истифода намоянд. Барои босифат гардидани мева  пошидани ғизо ба барг натиҷаи хуб медиҳад. Баъд аз гулкунӣ ва калоншавии мева 2-3 бор пошидани маҳлули макро-микроэлементҳо (барои 1 га замин Агровитамин — 2,0л ва ё Атонник-200мл-ро ба 1000л об омехта карда, 3-бор бо фосилаи 10 рӯз) тавсия карда мешавад.

Барои гардолудшавии хуби гулҳои дарахтони себ оилаҳои занбӯри асалро истифода намоед (3 оила дар 1га).

Барои пешгирӣ намудан аз касалии қӯтурак ва сӯхтани мониалӣ (монилиоз) баъд аз анҷом расидани гулшукуфоии дарахтон истифодаи препарати Хорус (барои 1 га 300гр-ро бо 1000л об омехта), аз касалии гардзании ордак истифодаи препарати Скор (барои 1 га 300 гр-ро бо 1000л об омехта) самарабахш мебошад. Паҳншавии касалии сӯзиши бактериявӣ низ дар назар аст. Барои пешгирӣ намудан аз ин касалӣ препарати Алиет (барои 1 га 1,5-3 кг-ро бо 1000 л об омехта) метавонед истифода баред.

Дар ин вақт аллакай бисёр ҳашаротҳои зараррасон рушд ёфта истодаанд. Дар боғ истифодаи домҳои феромонӣ ва истифодаи  ҳашаротҳои фоидаовар ба монанди Трихограмма, Габрабракон ва Тиллочашмак бисер самарабахш аст. Барои муҳофизат аз ҳашаротҳои зараррасон ба мисоли сипарболак, ширинчаҳо то гулкунӣ ва баъд аз гулкунӣ бо маҳлули инсектитсиди Актеллек (барои 2 л-ро ба 1000 л об омехта) ва ё Данадим Эксперт (1,5-2,0 л-ро ба 1000 л об омехта) коркард намоед. Дар ҳолати пайдошавии мевахӯраки себ маҳлули инсектисиди Нурелл Д (барои 1 га 1,5 л-ро бо 1000 л об омехта) ва тортанаккана пошидани акаритсиди Омайт (барои 1 га 1,5-3,0 л-ро бо 1000 л об омехта) тавсия мешавад.

Айёми пайдо шудани ғӯраҳо ягонакуниро фаромӯш накунед. Барои гирифтани меваи ҳаҷман калон ва хушсифат ва инчунин ҳамасола рӯёнидани ҳосил (солбанд нашудан) ягонакунӣ, яъне ба танзим даровардани ҳосилбандӣ нақши муҳимро мебозад. Дар як хӯшагулҳое, ки зиёда аз 5 адад мева ҳосил мегардад, 1 адад меваи хушсифатро гузошта, боқимондаро аз думча қайчӣ карда партофтан лозим аст.

Доимо дар дохили боғ назорат кардан зарур аст, ки кадом намуди касалӣ ва ҳашароти зараррасон афзоиш ёфта истодааст. Муборизаи саривақтӣ кафолати гирифтани ҳосили баланду хушсифати дарахтони мевадиҳанда шуда метавонад.

Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо

Махсут Отабеков
Хурсандӣ Сафаралиев