Чормағзи заминӣ – яке аз зироатҳои пурқиммати равғандор мебошад. Таркиби мағзи он тақрибан 60% равған ва 35% сафеда дорад. Равғанаш дар истеҳсолот барои тайёр кардани консерваҳо, маргарин, собунпазӣ ва дар соҳаи тибб васеъ истифода бурда мешавад. Баъди гирифтани равған дар таркиби кунҷораи вай то 45% сафедаҳо ва 8% равған боқӣ мемонад. Кунҷораи чормағзи заминиро дар тайёр кардани консерваҳо, ҳалвоҳо ва дигар маҳсулоти қаннодӣ истифода мебаранд. Дони онро бе коркард ҳам истеъмол кардан мумкин аст. Баргу пояашро барои хӯроки чорво истифода мебаранд. Аз чормағзи заминӣ аз 1,5 то 4,0 тн аз як гектар ҳосили дон гирифтан мумкин аст.

Майдоне, ки барои кишти ин зироат ба нақша гирифта шудааст, бояд дар чуқурии 25-30 см шудгор карда шавад. Пеш аз кишт заминро бояд таҳту ҳамвор карда, барои напаридани намӣ чапар (сихмола) задан лозим аст. Тозагии тухмие, ки барои кишт пешбинӣ карда шудааст, аз 90% ва қувваи сабзиш аз 85% бояд кам набошад. Барои кишт бояд танҳо тухмиҳои андозаашон калон интихоб карда шаванд. Тухмиҳои хурд тавсия намешаванд.

Дар минтақаи агроиқлимии Дилварзин чормағзи заминиро дар ду мӯҳлат кишт кардан мумкин аст, яъне аввали баҳорӣ, аз даҳаи дуюми моҳи апрел ва тобистонӣ, баъди ҷамъоварии зироатҳои ғаллагӣ.

Ҳангоми ҳарорати 14-15°С дар чуқурии 10 см хок ба кишти чормағзи заминӣ сар кардан лозим аст. Ҳангоми кишт тариқи шинондани паҳнбар, яъне масофаи байни қаторҳо 70 см ва масофаи байни растаниҳо дар қатор 20-25 см тавсия дода мешавад. Меъёри кишт 50-80 кг/га, чуқурии зери хоккунии тухмӣ 6-8 см, миқдори растаниҳо 100-120 ҳазор/га аст.

Корҳои агротехникӣ барои ин моҳ сафолакшиканӣ, каландкунӣ, хоккашкунӣ, нармкунӣ, коркарди байни қаторҳо, ғизодиҳӣ ва обёрӣ мебошанд. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд.

Дар замини кишт ҳангоми мушоҳида шудани тортанакканаи оддӣ коркарди заминро бо Омайт (барои 1 га 1,3 л-ро бо 300 л об омехта) ва ё Вертимектин (барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 л об омехта), кирмиҳои хоянда – ЭНЖИО (барои 1 га 250 мл-ро бо 300 л об омехта) гузаронидан тавсия мешавад.
Барои муҳофизат намудани ҳосил аз касалии гардзании ордак истифодаи препарати Топаз (барои 1 га 0,5л-ро бо 300л об омехта), алтернариоз – Ридомил Голд (барои 1 га 2,0 кг-ро бо 300 л об омехта), пӯсиши хокистарранг – Квадрис (барои 1 га 0,6 л-ро бо 300 л об омехта) самарабахш мебошад.

Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо

Махсут Отабеков
Акмал Насруллоев