Корҳои агротехникие, ки дар ин моҳ бояд иҷро карда шаванд обёрӣ, ғизодиҳӣ ва тайёр намудани таҷҳизот барои ҷамъоварии ҳосил мебошанд. Барои пешгирӣ ва муҳофизат аз касалии клястероспориоз коркард бо маҳлули фунгитсиди Скор ( барои 1 га 0,25-0,3 л-ро бо 1000 л об омехта) тавсия карда мешавад. Аз ширинча, ғилофакдори тоҷикӣ ва ё поччағавс (толстаножка) коркард бо маҳлули Каратэ (барои 1 га 0,8 л-ро бо 1000 л об омехта) тавсия мешавад.

Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо

Махсут Отабеков