Дарахтони гелос низ аз сармои аввали баҳор зарар диданд. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ҳосил пурра нобуд гардид. Дар ин ҳолат ба дарахтони гелос низ пошидани антистрессантҳоро, аз ҷумлаи Aminomax (барои 1 га 3 л-ро бо 1000 л об омехта ), ё Nutrivant Greap (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта ) ва ё  Basfoliar Avant Natur (барои 1 га 2 л-ро бо 1000 л об омехта) тавсия медиҳем.

Коркарди байни қаторҳо, обёрӣ, ғизодиҳӣ тавассути реша (азотию фосфорӣ), ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ ва тайёрӣ дидан ба ғунучини ҳосили пухтаистода чорабиниҳои зарурӣ мебошанд.

Барои пешгирӣ намудан аз касалии кокомикоз, клястероспориоз ва печиши барг ва дигар касалиҳои занбӯруғӣ пошидани фунгитсиди Топаз (барои 1 га 0,5 л-ро бо1000 л об омехта), Хорус (барои 1 га 0,3 кг-ро бо 1000 л об омехта) самарабахш мебошад. Дар ҳолати касалии шилмбарорӣ дар танаи дарахтон онҳоро бо корд тоза намуда, бо фунгитсиди Косайд (20-25 гр-ро бо 10 л об омехта) бегоҳӣ коркард кардан лозим аст.

Аз сипарболаки колифорнӣ, ширинча, мевахӯраки гелос коркард бо маҳлули инсектитсидҳои Каратэ (барои 1 га 0,5 л-ро бо 1000 л об омехта), Актеллик (барои 1 га 2,0 л-ро бо 1000 л об омехта) ва ё Конфидор (барои 1 га 250 мл-ро бо 1000 л об омехта) зарур аст.

Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо

Махсут Отабеков
Хурсандӣ Сафаралиев