Дар шароити табиӣ барои пайдо шудани 1 см қабати ҳосилхези хок зиёда аз 300 сол лозим меояд. Аммо инсон бо рафтори беандешаю нодурусти худ метавонад ин неъмати офаридаи табиатро дар чанд лаҳза бебозгашт барҳам диҳад. Ба ибораи дигар, имконияти пайдо шудани қабати ҳосилхези хок хеле маҳдуд ва ҷинси табиӣ қариб барқарорнашаванда мебошад. Тибқи дастовардҳои илмӣ, ҷиҳати ҳосилхезгардонии хок истифодаи самараноку оқилонаи чорабиниҳои агротехникию мелиоративӣ аҳамияти калон дошта, аз ҷиҳати иқтисодӣ ниҳоят босамар мебошад.

Тӯли чанд даҳсолаи охир дар кишварамон  ҳазорҳо  гектар заминҳои нав азхуд шуданд, ки ин нишондиҳандаи хуб аст, вале таъкидан бояд гуфт, ки ин заминҳо ба гузарондани чорабиниҳои беҳдошти ҳосилхезиаш эҳтиёҷи калон доранд. Бидуни амалисозии чорабиниҳои агротехникӣ ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, самаранокӣ ва маҳсулнокии онҳо мунтазам паст шудан мегиранд. Бо назардошти он ки дар даҳсолаи охири замони  шӯравӣ чорабиниҳои агротехникии заминҳои обӣ дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқи меъёрҳои илман асоснок гузаронда нашуда буданд, майдони заминҳои шӯршуда, ҳосилхезиашон паст ва аз кишт бозмонда имрӯз хеле зиёд шудаанд.

Барномаи Рушди СММ барои деҳқонони тоҷик имконияте дод, то ки бо маҷмӯи тарзу усулҳои илман асосноки коркарди хок бо мақсади барқарор кардани ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ шинос шаванд.

Бо ин мақсад, ТҶ “Нексигол Мушовир” дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи “Роҳҳои инноватсионӣ оид ба милликунонӣ ва маҳаллисозии ҲРУ ва тавонмандсозии занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд” омӯзишҳо оид ба “Чорабиниҳои агротехникии зимистона ва ҳифзи ҳосилхезии хок” гузаронид. Омӯзишҳои мазкур дар ноҳияҳои Вахшу Фархори вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Спитамену Ҷ. Расулови вилояти Суғд гузаронида шуданд.

Дар омӯзишҳои мазкур 88 нафар иштирок карданд, ки 43%-и онҳоро занҳо ташкил доданд. Асосан онҳо деҳқонони пешқадам, агрономҳо ва дигар шахсони шавқмандӣ маҳал буда, ташнаи донишу малакаи кишоварзӣ мебошанд.

Мутахассисони ТҶ “Нексигол Мушовир” барои деҳқонон оид маҷмӯи тарзу усулҳои гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, аз ҷумлаи киштгардон, шудгори тирамоҳа, яхобмонӣ ва аҳамияти он, тайёр ва истифодабарии нуриҳои органикӣ, кишти нурии сабз ва ғайра машваратҳо дода, сатҳи дониш ва малакаи онҳоро баланд намуд.

Хурсандибахш аст, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои азхуд кардан ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо диққати махсус дода мешавад. Самараи иштирок даромӯзиши мазкур аз он иборат аст, ки бояд ҳар як деҳқон ҷиҳати рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, барои оқилона истифода бурдани заминҳои корам ва ҳифзи ҳосилхезии хок кӯшиш намоянд. Бояд қайд намуд, ки барои иштирокчиёни омӯзишҳои мазкур маводҳои тақсимотӣ оиди чорабиниҳои агротехникӣ, аз қабили истифодабарии нуриҳои органикӣ дар ҳаҷми зарурӣ, риояи ҳатмии киштгардон, яхобмонӣ ва ғайра пешниҳод карда шуд, ки дар фаъолияти ояндаи онҳо мувофиқи мақсад мебошад.

Акмал Насруллоев,

Мушовир оид ба агробизнес, ТҶ “Нексигол Мушовир”