Оҷонсии ИМА оид ба рушди Байналмилалӣ USAID рӯзномаи Агроинформ.ТҶ-ро бо ду “Сипоснома” қадрдонӣ кард. Сипоснома дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти яксолаи Лоиҳа оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” дар фазои тантанавӣ тақдим гардид. Мақсад аз қадрдонии ҳайати эҷодии рӯзнома бо сипоснома саҳмгузорӣ дар фаъолияти рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин арзёбӣ карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки ибтидоан аз соли 2015 Агроинформ.ТҶ бо USAID ҳамкории зичро ба роҳ монда, кишоварзони вилояти Хатлонро бо навгониҳои ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ ошно месозад. Бо дастгирии Лоиҳа оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” аз моҳи апрели соли 2017 то имрӯз 30 шумораи рӯзнома табъу нашр шуда, дар 12 ноҳияҳои фарогирии Лоиҳа тақсимот шудааст. Дар маҷмӯъ ҳамагӣ 150 ҳазор нусха рӯзнома ройгон дастраси кишоварзону заминдорон гаштааст.

Дар саҳифаҳои рӯзномаи Лоиҳавӣ маълумот оид ба ислоҳоти замин, муаммоҳои саҳмдорону кишоварзон вобаста ба ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, тағйироту иловаҳо ба қонуну санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, муаммоҳои судии кишоварзон ва баррасии онҳо, андозу андозситонӣ, собиқаи меҳнатии кишоварзон ва қадру қиммати он, муаммоҳои нафақабароӣ ва меросхӯрии кишоварзон, фаъолияти ташкилотҳои шарику Ташаббускорон, рафти семинару омӯзишҳо ва ғайраҳо нашр шудааст.

Саҳифаҳои рӯзнома, инчунин, фарогирӣ муаммоҳои зан ва замин, қиссаҳои бобарору тақдирҳои аҷоиби сокинони деҳаҳои дурдасти ҷануби Тоҷикистон буданд. Рӯзнома танҳо барандаи маълумот набуда, балки характери машваратӣ дорад ва барои ҳалли мушкилоти аксарияти  кишоварзон кӯмак ҳам кардааст.

Гурӯҳи эҷодии рӯзнома ва муассиси он ТҶ “Нексигол Мушовир” аз ҳайати кормандони Лоиҳа оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” барои қадрдонӣ миннатдорӣ баён намуда, барои боз ҳам беҳтар кардани ҳамкорӣ камари ҳиммат хоҳад баст. Барои Оҷонсии ИМА оид ба рушди Байналмилалӣ USAID бошад, барои пуробуранг кардан ва умеди нав бахшидан ба ояндаи неки кишоварзии тоҷик изҳори миннатдорӣ баён мекунад.

Агроинформ.ТҶ