Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) чанде пеш дастурамали таълимӣ ва амалиро оид ба истеҳсол ва истеъмоли лубиёдонагиҳо бо забони тоҷикӣ Тухмипарварии зироатҳои лубиёдонагӣ нашр намуд. Ин ташаббус дар доираи лоиҳаи беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба тухмии баландсифат, ки аз ҷониби Австрия маблағгузорӣ шуда буд, дастгирӣ гардид.

Аз ҷумла нашри мазкур оид ба хусусиятҳои биологӣ ва парвариши зироатҳои лубиёдонагӣ, касалиҳо ва зараррасонҳо ва роҳҳои мубориза бар зидди онҳо, бо диққати махсус ба навъҳое, ки дар Тоҷикистон кишт мешаванд, инчунин тартиби сертификатсия маълумоти муфассалро пешниҳод менамояд. Ҳамаи ин фаъолиятҳо баҳри кӯмаки амалӣ расондан ба мутахассисони тухмипарвар, деҳқонон, донишҷӯён ва мутахассиони соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин барои мустаҳкам намудани иқтидори миллӣ, ки ба гуногунии (диверсификатсия) системаи зироаткорӣ мусоидат мекунад, равона карда шудаанд.

“Тухмиҳои баландсифат дар баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулотҳои кишоварзӣ, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва ғизо, беҳтар намудани шароити зиндагии деҳқонон ва аҳолии Тоҷикистон дар маҷмӯъ, мӯҳим мебошанд,” таъкид намуд Олег Гучгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

Дастури мазкур истеҳсол ва истеъмоли зироатҳои лубиёдонагиро дар Тоҷикистон зиёд дастгирӣ мекунад. Дар ҳоле, ки он амнияти озуқаворӣ ва ғизоро дар саросари ҷаҳон кафолат медиҳад, барои дастрас гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, хусусан онҳое, ки марбут ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ғизои беҳтар, тағирёбии иқлим ва тандурустӣ мебошанд, саҳмгузорӣ менамояд.

“Дар робита ба ин, дастури амалии мазкур метавонад ҳамчун манбаи иттилоотӣ ва дониш, хусусан бобати афзоиши тухмӣ хизмат намояд,” давом дод Гучгелдиев. “Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ метавонанд таҷрибаи нави истеҳсоли устувори зироатҳои лубиёдонагиро аз бар намоянд.”

Дар вобастагӣ бо хӯрокҳои мардуми тоҷик мусаллам аст, ки зироатҳои ғалладонагӣ ва лубиёдонагӣ унсурҳои қадимӣ ва анъанавиро ифода мекунанд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ зироатҳои ғалладонагӣ ва лубиёдонагӣ зиёда аз 60 фоизи калорияи ғизоии рӯзонаи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

“Зироатҳои лубиёдонагӣ симбиозро бо бактерияҳои лундаи нитрогенфурӯбаранда ба вуҷуд меоранд ва ҳосилнокии хокро беҳтар мекунанд. Системаи решаҳои зироатҳои лубиёдонагӣ ба қабати поёнии хок расида, элементҳои ғизоноки хокро ҳал карда, онҳоро барои зироатҳои оянда беҳтар дастрас мегардонад,” фаҳмонд мутахассиси ФАО оид ба соҳаи кишовразӣ Ҳафиз Муллоҷонов.

“Зироатҳои лубиёдонагӣ бо таркиби бойи сафедаҳо, ки хеле хуб бо таркиби аминокислотаҳо мувозинат мекунанд, бартарӣ доранд. Аз ин лиҳоз зироатҳои лубиёдонагӣ ҳамчун зироати калидӣ барои таҳкими устувори истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад,” илова намуд Муминҷонов.

Қобили зикр аст, ки дастури амалӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассиси ФАО Мунира Отамбекова ва мутахасиси Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон Маъруфқул Маҳкамов таҳия шудааст.

БУНАФША АЗИМОВА
Ёвар оид бо кор бо ВАО
ФАО Тоҷикистон
Тел: +992 93 577 33 73
E-mail: Bunafsha.Azimova@fao.org