Душанбе, 5 июни соли 2018 – Кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон малакаи муфиди  компютериро дар давоми 7 ҳафта оид ба барномаи Microsoft Excel, дар курсҳои аз тарафи ФAO ташкил карда шуда, ба даст оварданд. Даҳ нафар иштирокчиён аз шӯъбаҳо ва раёсатҳои гуногуни Вазорат, чун чорводорӣ, паррандапарварӣ, тухмипарварӣ ва шӯъбаи байналмиллалӣ, шаҳодатномаҳои хатми муваффақи эшонро имруз дар  шаҳри Душанбе гирифтанд.

Кормандон, ҳангоми истифодаи дониши технологияи замонавӣ, метавонанд компютерҳое (ноутбукҳо ва компютерҳои фардӣ), ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби ФАО пешниҳод карда шуда буд, истифода баранд. Ҳар ду иқдомҳои номбурда, ҷузъи лоиҳаи чорсола буда аз ҷониби Итиҳодди Аврупо таҳти Барномаи рушди деҳот 1 бо ҳаҷми 5 миллион Евро маблағгузорӣ мешаванд.

Дар рафти тренингҳо иштирокчиён бо вазифаҳои асосии барномаи  Microsoft Excel, аз ҷумла насб кардани ҷадвалҳо, тартиб додани буҷет, истифодаи формулаҳои риёзӣ ва оморӣ, интихоби маълумот барои таҳлили минбаъда, таҳия намудани нақшаҳо ва дигар хусусиятҳои самараноки барнома, шинос шуданд.

“Тренинги мазкур, ки аз тарафи ФАО ташкил шудааст, ба Вазорати кишоварзӣ зарур муҳим арзёбӣ меҳавад, махсусан ба шӯъбаи мо, ки ҳисобот ва таҳлили маълумоти зиёдро ҳаррӯза иҷро мекункем” гуфт Шомамадов Абдумамад, сардори шуъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфрасохтори кишоварзӣ.

“Зарурат барои тренинги мазкур дар рафти таҳқиқи ниёзи кормандони вазорат ба омузиш, муаян карда шуда он ба нақшаи таълимӣ барои вазорат, ки дар якҷоягӣ бо ФАО таҳия карада шуда буд, дохил карда шуд” – қайд намуд намояндаи ФAO дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев. Ҳамчунин Гучгелдиев илова намуданд, ки “ба наздикӣ ФAO тренингҳои омӯзишии соҳавӣ, инчунин курсҳои забони англисиро барои хизматчиёни вазорат мегузаронанд”.

www.fao.org