Муовини сарвазири ҷумҳурӣ бо раиси Комиссияи Кумитаи умумичинии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратӣ гуфтушунид кард.

Зимни мулоқоти муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо раиси Комиссия оид ба корҳои хориҷии Кумитаи Умумичинии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратии ин кишвар Пан Юнхэ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар», Азим Иброҳим изҳор доштааст, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки ташаббуси роҳбари Чин «Як камарбанд — як роҳ»-ро дастгирӣ намудааст ва интизор меравад, ки ин ташаббус ба рушди иқтисодии кишварҳои Шоҳроҳи абрешим таъсири мусбат расонад.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масоили марбут ба ҳалли мушкилоти интиқоли сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба бозорҳои Чин, аз ҷумла имзои созишномаи дуҷонибае, ки аллакай маъқул шуморида шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

Ғайр аз ин, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои сохтмони шохаи лӯлаи гази Турманистон — Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон, саҳмгузории ин кишвар ба бунёди Маркази барқу гармидиҳии Фон-Яғноб бо иқтидори 600 мегаватт ва дигар масоили мавриди таваҷчуҳи тарафайн табодули назар намуданд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 15 май дар Пекин таҳти унвони «Як камарбанд ва як роҳ» Форуми байнулмилалии иқтисодӣ доир гардида, Тоҷикистонро дар он вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб намояндагӣ карданд.

Дар ҳошияи кори форум Абдуфаттоҳи Ғоиб бо ҳамтои чинии худ Ю Гуанчжоу дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот ва мубодилаи афкор ҷонибҳо доир ба масъалаҳои расонидани кӯмаки моддию техникӣ, мубодилаи маълумоти гумрукӣ, масъалаи ташкил намудани намояндагиҳои гумрукӣ ва мубодилаи таҷриба, ҳамчунин, як қатор масоили дигари тарафҳо ба мувофиқа расиданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои иштироки фаъол дар амалисозии лоиҳаи «Як камарбанд ва як роҳ», муосидат ба гуфтушунид оид ба имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила дар бахши гумрук, роҳандозии ҳамкориҳои дар гузаргоҳҳои гумрукӣ ва омодасозии кадрҳои варзида дар ин бахш таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Read more: http://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20170516/dushanbe-az-pekin-imzoi-sozishnomai-tavili-mevaro-darhost-kard