Думаи давлатии Русия созишномаи байниҳукуматӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтиро тасдиқ кард.
Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС бо истинод ба муовини вазири энергетикаи Русия Юрий Сентюрин, созишнома моҳи феврали соли 2013 ба имзо расида, он ба таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои ҳамгирройӣ миёни кишварҳо равона шудааст.
«Дар созишнома роҳандозии интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ дар ҳаҷми зарурӣ барои истеъмоли дохилии ин кишвар пешбинӣ шудааст. Тақрибан дар ҳаҷми то 1 млн. тонна», — гуфтааст Сентюрин зимни суханронӣ дар Думаи давлатӣ.
Ӯ изҳор кардааст, ки созишнома аз 12 ноябри соли 2013 муваққатан мавриди истифода қарор дошта, тибқи маълумоти Хадамоти федералии гумрук, дар давраи истифодаи муваққатии он ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз 200 то 600 ҳазор тоннаро ташкил медодааст.
Ғайр аз ин, муқаррароти созишнома маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ аз Русия ба Тоҷикистон воридшударо барои интиқол додан ба кишварҳои дигар манъ карда, ба ҷониби Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар сурати ошкор шудани риоя накардани ин муқаррарот, содиротро мутаваққиф намояд.
Ҳамчунин дар созишнома дахлнопазирии моликияти субъектҳои хоҷагидори ҳарду кишвар, ки ба кори содироти маҳсулоти нафтии бидуни содирот ҷалб шудаанд, кафолат дода мешавад. «Дар созишнома ҳимояи комилу бечуну чарои ҳуқуқӣ ва нораво будани мусодираи маҷбурии моликияти субъектҳои хоҷагидори зикршуда пешбинӣ шудааст», — таъкид доштааст Сентюрин.