«Гӯшаи деҳқон» аслан мерос аз солҳои 80-уми замони Шӯравист, ки барои коҳиши нархи бозор пешбинӣ шуда буд. Он дар ҳар як бозори коммуналии пойтахт вуҷуд дошт, вале барои деҳқон дар он ҷой ёфт нашуд, ки нашуд. Ӯ маҳсулоташро дар он ҷо ба фурӯш монда наметавонист. Борҳо шоҳид будем ва шикоятҳои деҳқонон ба мақомоту ВАО мерасид, ки ҷавонони авбошу муштзӯре маҳсулоти ба бозор овардаи деҳқононро бо нархи хеле арзон ё зӯран кашида гирифта, дар «Гӯшаи деҳқон» гарон мефурӯхтанд. Ба доди деҳқони бечора қариб ҳеҷ кас намерасид. Агар гӯем, ки аллакай ҳамон солҳо қадами деҳқон аз бозорҳо канда шуда буд, хато намекунем.
Роҳбари ҶДММ «Варзоб-ТҶ» Давлат Ҳамидов мепиндорад, ки мавҷудияти «Гӯшаи деҳқон» дар бозорҳо имрӯз ҳам зарур аст.
– Иқдоми хубе буд, ки ба коҳиши нархҳо дар бозорҳо мусоидат мекард. Дар бозори «Варзоб» барои кишоварзон ва дигар шаҳрвандоне, ки маҳсулоти заминҳои наздиҳавлигӣ ё киштзори худро мавсимӣ мефурӯшанд, ду нуқтаи савдо муқаррар кардаем. Аммо барои «Гӯшаи деҳқон»-и доимамалкунанда имконият надорем. Худи деҳқон бошад, вақти дар бозор нишаста фурӯхтан надорад. Аксари деҳқонон бо миёнаравҳо, ки намояндагони соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, аз сари замин маҳсулотро бо нархи чакана харида меоранд.
-Даҳ-понздаҳ нафареро ба паҳлӯи даромадгоҳи бозор дидам, ки дар замин нишаста, ангуру себ, ноку шафтолуро нисбат ба дигар савдогарон хеле арзон мефурӯшанд. Ҳангоми суҳбат онҳо худро кишоварзон муаррифӣ карданд. Ба саволам «чаро арзон мефурӯшед?» ҷавоб доданд, ки мехоҳанд зудтар маҳсулоташонро фурӯхта, аз пайи корҳои дигарашон шаванд.
-Ба ягон бозорнишин яклухт мефурӯхтед, намешуд?
-Кошкӣ, лек онҳо мехоҳанд бо арзиши ночиз бихаранд, ки бароямон зараровар аст.
Дар шафати бозори «Сафариён», ки рӯ ба рӯйи автовокзали пойтахт солҳо боз ба мардум хизмат мерасонад, ҳатто начандон дуртар аз хатти роҳи оҳан, ҳар рӯз садҳо нафар ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Яъне, ҷонашонро ба хатар мегузоранд. Гумон кардам, ки онҳоро ба «Гӯшаи деҳқон»-и бозори мазкур роҳ надодаанд. Аммо бинобар гуфтаи директори ҶДММ Лтд «Сафариён» Муҳсин Гулов савдогарони аз бозор берун ба бозори номбурда дахл надорад.
– «Гӯшаи деҳқон»-и бозори мо ҳоло дар таъмир аст, имконияти ғунҷондани кишоварзони ноҳияҳои Турсунзодаю Ҳисорро дар худ надорад, – гуфт М. Гулов. – Борҳо ба унвони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва шаҳри Душанбе муроҷиат кардаем, ки фаъолияти фурӯшгоҳи ғайрирасмии атрофи бозорро қатъ кунанд. Ба фикрам, ҳалли як роҳаш ба «Гӯшаҳои деҳқон»-и маҳаллаҳои шаҳр роҳ додани кишоварзони асил мебошад. Ин пешниҳодро соҳибони дӯконҳои «Гӯшаи деҳқон» ба гумон аст, ки бипазиранд, зеро хилофи манфиати тиҷорати онҳост. Маҳсулоти кишоварзие, ки тавассути қатораҳо ба пойтахт ворид карда мешаванд, ба дасти корчаллонҳои миёнарав афтида, ба фурӯш мераванд.
Бо тақозои замон барои барқарор кардани фаъолияти «Гӯшаҳои деҳқон» дар замони соҳибистиқлолӣ иқдоме карда шуд, ки шаҳрвандон аз он хуш истиқбол карданд.
– Ташкилу эҳёи «Гӯшаҳои деҳқон»-ро худи кишоварзон соли 2008 ҳангоми сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Ваҳдат ба миён оварда буданд. Кишоварзон ва сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ноҳия арз доштанд, ки маҳсулоти худро дар бозорҳои шаҳри Душанбе бинобар набудани ҷойи алоҳида ба фурӯш бароварда наметавонанд, – гуфт сардори Раёсати рушди савдо ва иқтисоди шаҳри Душанбе Сайфулло Амонов. – Сарвари давлат ба шаҳрдории Душанбе супориш дода буд, ки барои савдои маҳсулоти кишоварзии ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт дар маҳалҳои шаҳр дӯконҳои «Гӯшаҳои деҳқон» бунёд карда шавад. Вобаста ба ин 18 августи соли 2008 Қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти №324 «Дар бораи таъсиси «Гӯшаҳои деҳқон» дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид, ки ҳадафаш ин мушкилоти кишоварзонро ҳал кардан буд. Сарраёсати меъморӣ ва сохтмони шаҳри Душанбе ангораҳои меъмории «Гӯшаҳои деҳқон»-ро омода кард. Татбиқи ин қарорро шаҳрдорӣ ба зиммаи КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» вогузор намуд, ки аслан барои бунёди «Гӯшаҳои деҳқон» ягон маблағе надошт. Ин муассиса мебоист дар ҳудуди пойтахт 114 адад «Гӯшаи деҳқон» месозонд. Роҳбарияти КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» барои амалӣ кардани лоиҳа бо соҳибкорони инфиродӣ шартнома баста, иҷрояшро таҳти назорат гирифт, вале муваффақ нашуд. Зеро соҳибкор иншооти сохтаашро моли худ меҳисобад ва кӯшиш менамояд, ки аз он фоидаи бештар ба даст орад. Вай сарфи назар мекунад, ки дӯконро дар замини давлатӣ бунёд намудааст. «Ман, ки пул сарф карда сохтам, ҳамааш моли ман аст», – чунин мепиндорад аксари соҳибкорон. Бадин минвол, соҳибкорон аксари «Гӯшаҳои деҳқон»-ро хилофи лоиҳаи пешниҳодшуда мувофиқи завқу имконоташон сохтанд, ки ба ягон талаботи меъморӣ ҷавобгӯй нестанд. Дар 56 адад «Гӯшаи деҳқон»-е, ки онҳо сохтанд, баробари савдои маҳсулоти кишоварзӣ тиҷорати маҳсулоти саноатӣ, рӯзгорро ба роҳ монда, дар баъзеашон ҳатто нуқтаҳои фурӯши маводи аудиовизиуалӣ кушоданд. Онҳо батадриҷ гирду атрофи «Гӯшаҳои деҳқон»-ро бо девору панҷара маҳкам карда, ба моликияти хусусӣ табдил додаанд. Чунин муносибат ва аз таъиноти лоиҳавӣ дур мондани бунёди «Гӯшаҳои деҳқон»-ро ба инобат гирифта, бо Қарори раиси шаҳри Душанбе бунёди дӯконҳои боқимонда манъ карда, ба ҷойи онҳо сохтмони минимаркетҳои замонавиро ба нақша гирифтаанд.
С. Амонов, сардори Раёсати рушди савдо ва иқтисоди шаҳри Душанбе сабаби аз бозорҳои коммуналии пойтахт ба маҳалҳои пойтахт кӯчидани «Гӯшаҳои деҳқон»-ро аз рақобати бозорӣ медонад. Солҳои охир масъулон барои пешбурди кор ҳар як ваҷаб замини бозорҳоро ба иҷора дода ё дӯкону нуқтаҳои нави фурӯши молу маҳсулотро бунёд карда, аз «Гӯшаҳои деҳқон» даст кашиданд. Соҳибкорон аз ҷалби деҳқонон ба гӯшаҳо дурӣ ҷуста, фаъолияти миёнравиро афзал донистаанд.
Умуман, дар иқтисоди бозорӣ истеҳсолкунанда, яъне, деҳқон танҳо бояд маҳсулот истеҳсол кунад ва яклухт ба савдо диҳад. Қисмати дигар – соҳибкор бояд ба савдои чакана машғул шавад. Мардуми камбизоат ба коҳиши нархҳои бозор эҳтиёҷ дорад, вале ба мавҷудияти «Гӯшаи деҳқон», ки ин вазифаро ба уҳда дошт, дигар зарурат намондааст. Пас мебояд, ки ҳамаи лавҳаҳои онро аз байн бардоранд ва мардумро гӯл назананд, аз пайи бунёди зудтари 22 минимаркет шаванд. Ҳамин тавр, бо сабабҳои ошкоркарда ва дигар сабабҳои вобаста, ноаён сари «Гӯшаи мардум»-ро хӯрда, як воситаи хуби коҳиши нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз байн рафтан дорад.
Дар «Гӯшаҳои деҳқон»-е, ки КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия» дар шаҳраку маҳаллаҳо кушодааст, нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ аз бозорҳо фарқ надорад. Саҳми ин муассиса ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», ки гоҳ-гоҳе дар арафаи идҳои рамазону қурбон ва баъзан дар рӯзҳои шанбе ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ доир мекунанд, дар коҳиши нархҳои бозор назаррас нест. Борҳо мушоҳида кардаем, ки нархҳои арзонтар дар ҳузури роҳбарону масъулони ярмаркаҳо риоя карда мешаванд ва ҳамин ки аз пайи корҳои дигарашон мераванд, фурӯшандаҳо нархҳои маҳсулоти ярмаркавиро боло мебардоранд.
Аз чунин чашмбандӣ на ба мардум фоида асту на ба деҳқон.
pressa.tj