Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) имрӯз лоиҳаи нави пилотиро оид ба такмили қатъии афзоиши захираи тухмии картошка дар Тоҷикистон, оғоз намуданд.

Бӯҳрони COVID-19 иқтисоди ҷаҳонро заиф кард ва боиси мушкилоти густардаи иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон гардид. Он ба низомҳои озуқаворӣ, аз ҷумла амнияти озуқаворӣ ва ғизо, занҷираҳои таъминоти озуқаворӣ ва савдо таъсири амиқ гузоштааст.

Лоиҳа ба таъмини дастрасии кишоварзони хурд ба воситаҳои муҳими кишоварзӣ, хусусантухмиҳои баландсифати картошка ва нуриҳо бо мақсади беҳгардонии сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва мукаммалгардонии усулҳои истеҳсолот равона карда шудааст. Лоиҳаи пилотӣ оид ба рушди тиҷорати кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба ҳадафу ваколатҳои умдаи ФАО оид ба рафъи гуруснагӣ, ноамнии озуқаворӣ ва камғизоӣ мувофиқат мекунад.

Механизми мактабҳои саҳроии фермерӣ (МСФ) барои баланд бардоштани дониш ва малакаи истеҳсолкунандагони тухмӣ ва кишоварзон тавассути омӯзиш ва семинарҳо истифода мешавад. МСФ дар қитъаҳои намоишии таъсисёфта ташкил карда мешаванд ва шумораи зиёди кишоварзон метавонанд ба ин қитъаҳо ташриф оварда, дар омӯзишҳо ширкат варзанд. Инчунин, агрономҳо ба назди тухмипарварон ташриф оварда, роҳнамоии техникӣ оид ба истеҳсолот, ҷамъоварӣ, коркарди пас аз ҷамъоварӣ ва мубориза бо ҳашароти зараррасонро дастрас мегардонанд.

Дар лоиҳа инчунин методологияи “Рушди кишоварзии ба бозор нигаронидашуда” (SHEP), ки аз ҷониби JICA таҳия шудааст, барои муттаҳид сохтани кӯшишҳои кишоварзон баҳри афзоиши даромад ва беҳгардонии дастрасӣ ба бозор барои маҳсулоти худ истифода хоҳад шуд.

“Рушди агробизнес дар беҳтар намудани вазъи амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.Аз ин рӯ, дастрасӣ ба тухмиҳои босифат, машвартаҳои пешқадам ва инноватсионии кишоварзӣ хеле муҳим мебошад. JICA тасмим гирифт, ки усули SHEP -ро дар Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаи аввалин дар Осиёи Марказӣ ҷорӣ кунад. SHEP усулест, ки кишоварзии ба бозор нигаронидашударо дар байни кишоварзони хурд муаарифӣ ва ривоҷ медиҳад. Мо боварӣ дорем, ки ҳамкории пурсамари мо бо ФАО ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лоиҳа ба Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти устувор дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ аз ҷумла “Таъмини амнияти озуқаворӣ” мусоидат хоҳад кард,” изҳор дошт Мунео Такасака, Роҳбари дафтари Намояндагии JICA дар Тоҷикистон.

“Бо мақсади такмили минбаъдаи низоми истеҳсоли тухмии картошка дар кишвар лоиҳа якчанд ноҳияҳои водии Рашт ва вилояти Суғдро фаро мегирад. Лоиҳа инчунин ба беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ дар байни хонаводаҳои осебпазири ноҳияи Хуросон низ кумак хоҳад кард”, – гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. “Тавассути пайвасти истеҳсолкунандагони хурд ба кооперативҳо ва дигар таъминкунандагони тухмӣ лоиҳа ба рушди низоми афзоиши захираҳои тухмӣ дар сатҳи маҳаллӣ равона карда шудааст. Тухми навъи элитаи картошка, ки аллакай дар соли 2020 натиҷаҳои хуб ба даст овардааст, ба кишоварзон дар асоси шартҳои юридикии ҳатмӣ барои баргардондани тухмӣ аз ҳосили ҷамъоваришуда ба фонди захираи тухмӣ ҳамчун репродуксияи аввал барои таъмини афзоиши фонди тухмӣ дар кишвар пешниҳод карда мешавад.”

Имрӯзҳо картошка ҳам ғизои асосӣ ва ҳам манбаи муҳими даромади хонаводаҳо дар Тоҷикистон мебошад. Он ҳамчун “нони дуюм” ҳисобида мешавад, аммо тухмӣ ҷузъи гарони истеҳсоли картошка ба ҳисоб меравад. Дар аксари ҳолатҳо, ҳосили баланд ва даромаднокии истеҳсолот аз дастрасӣ ба тухмии босифат вобаста аст. Рушди низоми истеҳсоли картошка метавонад роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар деҳоти кишвар гардад.

Шартҳои таъсиси низоми муташаккили тухмии картошка мавҷудияти тухмии баландсифат, омӯзиши кишоварзон оид ба афзоиши тухмӣ ва муҳимтар аз ҳама, шарикии мушаххаси сохтори хусусӣ ва давлатӣ, ки тухмиро ба кишоварзон мерасонанд, ба шумор мераванд.

fao.com