Имрӯзҳо алафҳои бегона дар киштзор яке аз душмани асосии ҳосили зироат мебошанд. Тадқиқотҳои гуногун нишон медиҳанд, ки назорат накардани онҳо маънои талафоти то нисфи ҳосилро дорад, ки амнияти озуқавории минтақаро зери хатар мегузорад. Бояд қайд кард, ки истифодабарии нодурусти гербитсидҳо ба ифлосшавии муҳити зист оварда мерасонад. Яке аз усули алтернативии маъмултарини кимёвӣ ин хишоваи механикӣ буд. Аммо баргаштан ба ин усул арзиши маҳсулоти кишоварзиро ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Гербитсидҳо амали интихобӣ ва доимӣ, пеш ва пас аз сабзиш, системавӣ ва алоқавӣ мешаванд. Гербитсидҳои амалӣ, ҳамаи набототро нобуд мекунанд, аз ин рӯ онҳо бештар барои истифодабарии пеш аз сабзиши зироати киштшуда равона шудаанд. Дар ҳолати истифодаи онҳо пас аз сабзиши зироат, барои истиснои алоқа бо зироатҳо бояд қисм — қисм истифода бурда шавад. Гербитсиди амали бардавом барои нест кардани ҳама намуди алафҳои бегона (яксола ва бисёрсола) истифода мешавад. Гербитсидҳои маъмулан истифодашаванда ин амали системавӣ мебошанд. Онҳо аз ҷониби растанӣ ҷаббида мешаванд ва на танҳо ба қисми болоии алафҳои бегона, балки ба системаи реша низ таъсир мерасонанд. гербитсидҳои амали алоқавӣ танҳо ба қисми расидаи растанӣ таъсир мекунаду халос. Самаранокии истифодаи гербитсидҳои амали системавӣ аз намии хок, боришот ва реҷаи ҳарорат вобастааст. Ҳангоми истифодабарӣ на танҳо ҳарорат, балки ҳарорати ҳадди ақали рӯз низ муҳим аст. Агар ҳарорати шабона аз 5 дараҷа паст шавад, мубодилаи растаниҳо вайрон мешавад, дар ин ҳолат истифодаи гербитсид бояд ба таъхир гузошта шавад.

Ба интихоби гербитсидҳо як қатор омилҳо таъсир мерасонанд: шароити хоку иқлим, навъи алафҳои бегона, марҳилаи нашъунамои алафҳои бегона ва марҳилаи рушди зироат.

Сахтии об низ ҳангоми омодасозии маҳлули корӣ аҳамияти калон дорад. Об аз чоҳҳои амудӣ метавонад форсункаҳои дорупошакро маҳкам кунад ва ҳарораташ аз ҳарорати тавсияшуда камтар бошад.

Ҳангоми интихоби вақт ва меъёри истифодаи гербитсид ба тавсияҳои истеҳсолкунанда қатъиян риоя кардан лозим аст.