Обшавии пиряхҳо ва тағирёбии иқлим чӣ оқибати фалокатборе барои мардум, ба вижа, барои кишоварзон дорад? Барои ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ кишоварзон бояд чӣ чора бияндешанд? Ин ва дигар пурсишҳое водор сохтанд, то посухе ба онҳо дошта бошем. Аз рӯ, хабарнигори «Агроинформ.ТҶ» Тилав Расулзода суҳбате орост бо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти корҳои дохилӣ Рустам Назарзода.

 Тилав Расулзода: Пиряхҳои кишвар бо суръати назаррас об мешаванд. Он чӣ оқибате барои рӯзгори мардум ва хусусан, кишоварзон метавонад дошта бошад? Кумитае, ки Шумо сарварияшро бар уҳда доред, дар ин самт чӣ корҳоеро барои ҷилавгирӣ аз он офатҳо ва зарарҳое, ки ба вуҷуд меоянд, рӯйи даст гирифтааст?

 Рустам Назарзода: Ҳамасола дар натиҷаи обшавии пиряхҳо сатҳи оби сою дарёҳои ҷумҳурӣ баланд гардида, барои мардум, хусусан, кишоварзон зарар мерасонад. Мавриди зикр аст, ки Кумита баҳри ҷилавгирӣ аз оқибатҳои офатҳои табиӣ як қатор чорабиниҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати гузаронидани таҳлили равандҳои геологӣ ва ташхиси минтақаҳои осебпазири шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар доираи он омода намудани лоиҳаи фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда баҳри гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, аз ҷониби Кумита гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикостон таъсис дода шуда, минтақаҳои осебпазири як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди муоина қарор дода шуд. Бо мақсади пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеҳои хавфноки соҳили сою дарёҳо ба роҳ монда шуд.

Тилав РАСУЛЗОДА: Солҳои гузашта бар асари тармаву сел ва обхезӣ бар мардум ва иқтисоди миллии кишвар, аз ҷумла, кишоварзону кишоварзӣ ба чӣ миқдор зарар ворид шуд. Хоҳишмандам, каме батафсил дар ин бора ҳарф мезадед.

Рустам НАЗАРЗОДА: Ҳар сол дар натиҷаи боришоти барфи зиёд, фуромадани тарма, сангреза, вазидани шамоли сахт, раъду барқ, жола, боронҳои зиёд ва омадани сел офатҳои зиёди табиӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки ба аҳолӣ ва иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба зарари калони моддӣ мерасонанд. Инчунин, бар асари ин офатҳои табиӣ  киштзори зироатҳои кишоварзӣ, ҳайвоноти хонагӣ талаф мешаванд.

Тилав РАСУЛЗОДА: Пас кишоварзон, мардуми оддӣ, чорвопарварону чӯпонон бояд чӣ коре бикунанд, ки худу молу чорвояшон аз офатҳои табиӣ эмин бошанд?

Рустам НАЗАРЗОДА: Кумита дар асоси созишномаи ҳамкорӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳоро вобаста ба номусоид омадани вазъи обу ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ дастрас намуда, тариқи воситаҳои ахбори омма аҳолиро огоҳ намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз чорвочаронӣ дар минтақаҳои ҳавфнок худдорӣ намоянд. Ҳамзамон, барқиянома ба раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои огоҳ намудани аҳолӣ вобаста аз вазъи обу ҳаво ирсол менамояд.

Тилав РАСУЛЗОДА: Оё Шумо бо намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал ҳамкорӣ доред ва он ҳамкорӣ дар чӣ зоҳир мешавад?

Рустам НАЗАРЗОДА: Кумита бо намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал, инчунин дигар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҳамкории мутақобилан судманд дорад ва ин ҳамкорӣ дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31–уми декабри соли 2014 № 833 “Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда”, қарори аз 1 марти соли 2012 “Дар бораи таъсиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ” ба роҳ монда шудааст. Мо ҳама чораҳои заруриро барои ҷилавгирӣ аз сар задани офатҳо, ба ҳадди ақал расонидани ҳаҷми зарари воридшаванда, баланд бардоштани маърифати ҳамватанони азиз, аз ҷумла кишоварзону ҷангалбонҳо хоҳем андешид. Зеро деҳқонон барои пурнозу неъмат ва фаровонии дастархони мо, аксар дар шароити сангини иқлимӣ заҳмат мекашанд. Мо бояд ба қадри заҳмати онҳо бирасем. Кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар ҳифзи гуноггунрангии биологии сарзамин ва табиати зебои мо саҳм мегузоранд. Ҳар коре, ки мекунем, ба хотири ободии Ватан, зиндагиву рӯзгори ободи ҳамватанони азиз аст. Сарсабзии ватан, фаровонии ҳосил — дастранҷи деҳқон, афзудани неъматҳои табиии Ватан, зиндагии орому хушбахтонаи ҳамдиёрон орзуи ҳамешагии мост!

Тилав Расулзода