Карами брокколӣ зироати ба хунукӣ тобовар мебошад. Ҳарорати аз ҳад баланд ва ё аз ҳад паст метавонад ҳосилнокӣ ва сифати ҳосилро паст кунад. Аз ин лиҳоз, ҳарорати дохили гармхонаро мӯътадил таъмин созед. Ҳарорати мӯътадил барои парвариши брокколӣ 16–25°С мебошад ва намии ҳаво то 85% бояд бошад.

Моҳи феврал дар дохили гармхона ҳашаротҳои зараррасон пайдо шуданаш мумкин. Бар зидди онҳо аз усулҳои халқӣ истифода бурда метавонед, чунки ба саломатии истеъмолкунанда безарар аст, мисол:

  1. Дар гирди кӯчати карами брокколӣ хокистар пошида монед, зеро хокистар аз якчанд ҳашаротҳои зараррасон (ҳаргуна кирмҳо) эмин нигоҳ медорад.
  2. Дар 10 литр об 2 қошуқ маҳлули уксус омехта карда пошидан мумкин аст;
  3. 300 гр сирпиёзро майда карда, дар 2 литр об дар оташи паст давоми 2 соат ҷӯшонед ва баъди як шабонарӯз ба зироат пошед;
  4. 500 мл хокистарро бо 100 гр собун дар 10 литр об омехта карда пошед;
  5. Бар зидди кирми карам ва пашша ба решаи брокколӣ маҳлули намакӣ (20 гр намак ба 1 литр об омехта) резед;