Ҳамаи корҳои агротехникии пиёзи пешпазак дар моҳи феврал бояд иҷро карда шавад. Инчунин, давом додани кишти пиёзи дерпаз.

Тайёр кардани замин барои кишт, ҷуфт кардани замин, даровардани ғизоҳои минералӣ пеш аз кишт ба монанди Нитроаммафоска 300 кг, Карбамид 50 кг, интихоби тухмиҳои босифат (навъҳои Банко, Берекет, Ёқут (сурх), Байрам, Қаратол, Меъроҷ тавсия дода мешавад) ва иҷроиши кишти тухми пиёзи дерпаз аст. Дар ҳолати паст шудани ҳарорати ҳаво, ғизодиҳии пиёзи пешпазак аз барг тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин — 0,5л+1,0л Оракул МКС якҷоя бо 300 литр об (ҳарорати ҳаво бояд на кам аз +5°С бошад), иҷроиши ин амал барои  кӯчати пиёзро аз хунукиҳо эмин доштан тавсия дода мешавад. Барои пиёзҳои пешпазак 100  кг Карбамид, 100 кг/Аммофос ё Нитроаммофоска барои 1 гектар даровардан тавсия дода мешад. Тайёр кардани дорупошакҳо барои пешгирӣ ва пошидани фунгитситҳо дар охирин рӯзҳои моҳи феврал (Ридомил голд 1,5 кг/га, Скор 300мл, Курзат 2 кг/га бо 200-300 об омехта) пошидан тавсия дода мешавад. Ба шароити намии замин нигоҳ карда, обёрӣ кардан лозим аст. Мубориза бар зидди алафҳои бегона, яъне хишоваи дастӣ ё коркарди кимиёвӣ бояд гузаронида шавад. Гузаронидани ин тадбирҳо имконияти рӯёнидани ҳосили хуб ва босифатро медиҳад.