Истифодабарии нодурусти хок ба ҷамъшавии микроорганизмҳои патогенӣ дар қабати решаронии растанӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа касалшавии растанӣ ва талафоти ҳосил рух медиҳад. Зарари калонтаринро барои зироатҳои кишоварзӣ асосан занбӯруғҳои сироятӣ мерасонанд (фитофтороз, ризоктониоз, парша, альтернариоз, пӯсиш), ки ҳосилро то 50-100% паст мегардонанд.

Барои хокро дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштан гузаронидани чораҳои безараркунӣ зарур аст. Безараркунӣ деҳқонро аз муҳофизат бар зидди касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон халос мекунад. Касалиҳо асосан дорои характери занбӯруғӣ ва ё бактериалӣ ҳастанд.

Ҳар як касалӣ нишонаҳои хоси худро дорад, аммо нишонаҳои умумӣ низ мавҷуданд:

– доғҳое, ​​ки метавонанд тана ё баргҳоро пӯшонанд;
– баргҳои хушкшуда ё пажмурда дар давраи афзоиши растаниҳо;
– дар давраи истеҳсолӣ пӯсидан ё кафидани мева.

Безараркунии хок бо се усул гузаронида мешавад: агротехникӣ, биологӣ ва кимиёвӣ.

Усули агротехникӣ:

Безараркунии хок бо истифода аз чорабиниҳои агротехникӣ метавонад микробҳои патогении мавҷудбударо нобуд кунад. Ба ин безараркунӣ бо ёрии гармӣ ва маҷмӯи усулҳои кишоварзии органикӣ (истифодабарии компост ва сидератҳо ҳамчун нурии сабз) дохил мешавад.

 Усули биологӣ:

Безараркунии хок бо фунгитсидҳои биологӣ таркиби патогении онро ниҳоят кам мекунад. Ғайр аз ин,  маҳсулоти биологӣ хастагии хокро, ки дар натиҷаи парвариши як зироат ба вуҷуд меояд, бозмедорад. Маводҳои зерин барои безараркунии биологӣ тавсия дода мешаванд:

  • Алирин Б;
  • Байкал ЭМ-1;
  • Глиокладин;
  • Триходермин;
  • Фитоспорин.

Маҳсулоти биологӣ намудҳои микробҳои фоиданокро зиёд мекунанд, моддаҳои дорои оҳан ва алюминий доштаро безарар мегардонанд. Ба ташаккулёбии пайвастагиҳои калий, фосфор ва азот, ки растанӣ ба осонӣ аз худ мекунад, мусоидат мекунад.

Усули кимиёвӣ:

Безараркунии хок бо маводи кимиёвӣ роҳи самараноки мубориза бо микроорганизмҳо мебошад. Лекин дар ин ҳолат микроорганизмҳои дар ташаккули сохтори хок кӯмакрасон, ки сифати хокро беҳтар мекунанд, мемиранд.

Маъмултарин маводҳои кимиёвӣ барои безараркунии хок инҳоанд:

  • оҳак (барои коркард ба 1 м² 200 г мавод истифода мешавад. Коркардро 6 моҳ пеш аз кишт бояд гузаронид).
  • формалин (барои коркарди 1 м², ба як сатил об 250 мл формалини 40%-ро илова намудан лозим аст. Дар ҷӯякҳо 15 рӯз пеш аз шинонидани кӯчати зироат мепошанд).
  • сулфати мис (барои як сатил маҳлул 50 г мавод лозим аст. Лекин агар хок тағйир наёбад, бояд ҳар 5 сол 1 маротиба коркард гузаронид).
  • фунгитсиди ТМТД (фунгитсид ТМТД барои зироат хатарнок нест ва метавон онро ҳангоми кишт пошид).

Ҳамин тариқ, танҳо тадбирҳои комплексӣ барои бодиққат безарар кардани хок ва пешгирии рушди занбӯруғҳои сироятшаванда мусоидат мекунанд.

Иҷрои ин тавсияҳо ҳар сол барои гирифтани ҳосили фаровон ва солим таъсири мусбӣ мерасонад.

Акмал Насруллоев