Дарахти анор буттагӣ буда, то 4-5м қад мекашад. Бехаш 3-5 тана ва баъзан аз ин ҳам зиёд мешавад. Анор гули модина ва нарина меорад. Гулҳои модинааш кӯзашакл буда, барвақттар шукуфта мева мебандад. Гулҳои наринааш зангӯламонанд буда, пас аз пухтани гарддонҳояш саросар ба замин мерезанд. Диаметри гулҳо то 3см. Анор аз аввалҳои моҳи май то август гул мекунад.

Мевааш вобаста ба навъ ва шароити парвариш аз 200-500г то 1 кг, баъзан аз ин ҳам вазнинтар мешавад. Диаметри мева 10-1 2см, баъзан то 18-20см аст.

Анор 90-100 сол ва аз ин хам зиёд умр мебинад. Аз соли 3-юм ба ҳосилбандӣ шурӯъ мекунад. Аз ҳар бехаш 12-14  кг, дар шароитҳои беҳтар то 60-80  кг ҳосил медиҳад.

Маззаи донаи анор турш, нордон, ширин мебошад. Ранги пӯстлохи меваи анор сафеди зардтоб, сурхи зардтоб, сурхи равшан, сурх, сурхи баланд, сурхи ҷигарӣ, бунафши сиёҳтоб шуданаш мумкин.

Ватани анор Эрон ба ҳисоб рафта, дар мамлакатҳои тропикию субтропикӣ парвариш мешавад. Намудҳои худрӯи он дар Осиёи Миёна, кӯҳcорҳои Тоҷикистон, Кавказ, қисми шимолу – ғарбии Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва Осиёи Хурд мерӯяд.

Ба ғайр аз анори муқаррарӣ, боз як намуди он маълум аст, ки дар ҷазираи Сокотра, дар баҳри Араб мерӯяд. Аз сабаби сифати паст доштани мевааш он аҳамияти хоҷагӣ надорад.

Як хели дигари онро аноргул меноманд, ки асосан дар боғҳо баробари гулҳои камёфт парвариш менамоянд. Гули аноргул монанди гули садбарг калонҳаҷм буда, аз гулбаргҳои бисёр иборат аст ва барои оро додани кӯчаю хиёбонҳо шинонида мешаванд. Ранги гулаш сурх, сафед ва дурангаи хол-хол мешавад.

 ***   ***   ***

Айни замон зиёда аз 500 навъи анори мадании аҳамияти хоҷагӣ дошта маълум мебошад. Дар боғи ботаникии Қрим 350 навъи анор омӯхта шуда истодааст. Бо шарофати корҳои мутахассисони соҳаи селексия миқдори навъҳои анор сол аз сол  зиёд шуда истодааст. Дар мамнӯъгоҳи Қара-Кала-и Туркманистон маҷмӯи калонтарини навъҳои анор дар ҷаҳон мавҷуд аст, ки зиёда аз 800 навъ мебошад.

Дар Тоҷикистон бошад, дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ стансияи растаниҳои субтропикии Институти боғпарварӣ ва сабзавотпарварӣ маҷмӯи навъҳои аҳамияти хоҷагӣ доштаи анорҳои  ояндадор парвариш карда мешавад. Аз тарафи олимони Институти боғдорӣ аз байни навъи сурх анори беҳтарини калон 10/15 ва 08 Р ҷудо карда шудааст. Инчунин навъҳои анори бедонак ва донакаш мулоими (Шайнакский, Подарок, Гиссарский крупноплодный, Гиссарский алый) ихтироъ карда шудааст. Ҳоло барои шароити  Тоҷикистон мувофиқ анорҳои навъи Ачик-дона, Десертный, Казаке-анор, Сурх-анор ва Азербайджанский ноҳиябандӣ карда шудааст. Маҷмӯи навъҳои анор инчунин дар Институти биологии Помир АИ ҶТ, дар участкаи Зиғар, ноҳияи Дарвоз вуҷуд дорад.

***   ***   ***

Барои бунёд кардани боғи анор замини бо офтоб нағз таъмин буда ва ҷойҳои аз шамолҳои хунук паноҳро бояд интихоб намуд. Анорро одатан бо нақшаи 4х2; 4х3 м мешинонанд. Агар шароити хоку иқлими маҳал мусоид бошад, ҳаҷм ва бузургии танаи дарахтони дар оянда инкишоф меёфтаро ба эътибор гирифта, ниҳоли анорро васеътар, бо нақшаи 5х3м ҷойгир менамоянд.

Анорро дар ноҳияҳои зимистонаш хунук одатан аз нимаҳои моҳи октябр то охирҳои март зери хок карда, аз хунукиҳои сахт эҳтиёт менамоянд. Лекин дар солҳои охир аз сабаби гарм шудани иқлим дар бисёрии ин ҷойҳо анорро намегӯронанд.

Аз хунукиҳои 14-15 0С навдаҳои яксолаи анор осеб меёбад ва агар ҳарорати ҳаво аз 17-18 0С паст фарояд, танаи растанӣ то гарданаки решааш нобуд мешавад.

Растании анор ба шароити замин он қадар талаботи калон надорад. Лекин дар заминҳои ҳосилхези қабаташ қуму регдор ва шағалдошта ҳосили хубу босифат медиҳад. Ҷойҳои ботлоқи оби зеризаминиаш аз 1,5м баланд буда ва шӯрхокҳо барои бунёди боғи анор ба кор намеояд.

Ҳар баҳор, то сабзидани муғчаҳо заминро чизел карда, нуриҳои минералиро дароварда, шудгори байниқаториро ба чуқурии 20-22см бояд гузаронед. Инчунин замини байни растаниҳоро, яъне бехи анорро нарм кардан зарур аст.

Байни қатори боғи ҷавонро 2-3 сол барои кишти зироатҳои қадпаст истифода бурдан оқилона мебошад. Байни қатори боғҳои мевадиҳандаи анорро бошад ягон зироат кишт кардан лозим нест ва доим аз алафҳои бегона тоза нигоҳ доштан лозим аст. Ҳар тирамоҳ бояд моҳи ноябр замини боғи анорро ба чуқурии 25-30 см шудгор кард. Обёрии боғи анор бо ҷӯйборҳое гузаронида мешавад, ки аз ду тарафи қатори растаниҳо кофта шудааст.

Соли якуми шинонидан вобаста аз таркиби хок 12-15 маротиба обёрӣ карда мешавад. Меъёри ҳар як обёрӣ бояд 600-700 м3 /га бошад. Баробари ба ҳосил даромадани дарахтони анор миқдори обёриро дар давоми нашв нисбат ба боғи ҷавон камтар, ҳамагӣ 9-10 маротиба

гузаронида, меъёри ҳар як обёриро то 850-900 м3 /га зиёд намудан тавсия дода мешавад.

Дар боғи ҷавони 2-3 солаи анор нуриҳои минералӣ – нитрогенӣ 30-35 кг, фосфордор 20-25  кг, калийдор -8-10  кг/га дароварда мешавад. Аз соли 3-4 шинонидан ба боғи анор 25-30т/га поруи органикӣ-ахлот даровардан лозим аст. Аз нуриҳои минералӣ нитрогенӣ -120  кг, фосфордор-90 кг, калийдор – 60  кг/га ба чуқурии 15-20см. даровардан мувофиқи мақсад аст.

Дарахти анорро аз рӯи хок 3-танагӣ ба шакл дароварда мепарваранд. Ҳар сол шохаҳои шикастагӣ, касалӣ дошта, ҷафс дар қабат сабзида истода ва навдаҳои наркии рост ба боло авҷ кардаистодаро бурида партофтан зарур мебошад. Инчунин аз бехи танаи асосӣ навдаҳои сабзида баромадаро саривақт тоза кардан шарт аст. Ҳар 20-25 сол як маротиба сутуни асосии анорро аз рӯи хок бурида партофта, танаашро аз сари нав ба шакл дароварда, растаниро ҷавон намудан лозим аст.

Усулҳои мубориза бо касалиҳою ҳашаротҳои зараровари растании анор:

 

Номгӯи касалиҳою  зараррасонҳо Заҳрхимикатҳо ва препаратҳо Меъёри истифодабарӣ Мӯҳлати истифодабарӣ
Барои 1/га Ба  10/об
Бар зидди ҳашаротҳо Актеллик 0,9-2,6 л 20-30мл Давраи нашв
Би-58-новий 0,5-2 л 20-30мл
Бар зидди канаҳо Омайт 1,2 – 2л 15-30мл
Бар зидди куя, оташак, сипарболак, кирми мевахӯрак, ширинча Фуфанон 1-2л 10мл
Қутурак (парша) Фундазол  2л 0,3-0,5мл
Бар зидди касалиҳо Косайд-2000  2 кг 25-30г
Маҳлули бордосӣ 1%  
Маҳлули бордосӣ   2-3%   Дар фасли тирамоҳу зимистон

 

Ба растании анор асосан оташаки мевахӯрак (Euzophera punicaella Moor.) зарар расонида,то 80%-и меваро захмдор мекунад. Кирмакҳои ин зараррасон зимистонро дар даруни меваҳои боқимонда, қабати пӯстлохҳои танаи дарахт мегузаронад. Дар моҳи апрел-май шапаракҳои (куяи) аз зочаҳо тараққиёфтаи он дар атрофи дарахтон парида, ба қабати пӯстлохи танаю навдаҳои анор аз 115-то 300 дона тухмӣ мегузоранд. Кирминаҳои аз тухм тараққиёфта гул, пӯсти маҳини меваи анор, пардаҳои дохили мева ва дони анорро мехӯрад. Роҳҳои хӯрда рафтаашро бо ахлоташ пур менамояд, ки ин сабаби ба касалиҳои занбӯруғӣ гирифтор шудани мева мегардад. Дар оқибат меваи анор пӯсида нобуд мешавад. Оташаки мевахӯрак дар шароити Тоҷикистон, дар давоми сол 4 насл меорад. Ба ғайр аз ин растании анор аз касалии қӯтур, зараррасонҳои ширинча, листовертка, древестница въедливая, кана ва ғ. зарар мебинад.

 Ҷамъоварии ҳосил ва тарзи нигоҳ доштани меваи анор

Вобаста ба навъ ва ҷои парвариш анор дар шароити Тоҷикистон аз моҳи сентябр то охирҳои октябр мепазад.

Анорро аз шохааш дастӣ канда гирифтан манъ аст!, чунки дар ин ҳол пӯстлохи мева дариданаш мумкин.

Меваи анорро асосан дастӣ ҷамъоварӣ менамоянд. Бо қайчии махсус 0,5-0,7см думчали онро гузошта буридан тавси дода мешавад. Меваҳоро пас аз бурида гирифтан ба халтаҳои латтагини андозааш то 10  кг оҳиста меандозанд.

Нигоҳдории анор

Барои меваи анорро дурудароз нигоҳ доштан қоидаҳои зеринро риоя кунед:

  • пӯстлохи меваи анор пеш аз ба анбор даровардан бояд хушк бошад.
  • меваи анор дар ҳарорати аз 1 0С то 10 0С бояд нигоҳ дошта шавад.
  • анорро дар анборҳо, таҳхона ва айвонҳое нигоҳ медоранд, ки ҳарораташ дар давоми нигоҳдорӣ аз 10 0С баланд набошад ва аз 1 0С паст набошад.
  • дар анбор ва атрофи ҷойҳое, ки анор нигоҳ дошта мешавад намии ҳаво бояд 60-70% бошад. Агар намии ҳаво аз меъёр паст бошад меваи анор қоқ мешавад ва агар аз ҳад зиёд бошад мепӯсад.
  • меваи анорро дар қуттӣ ва ё рафҳо якқабатӣ бояд ҷойгир карда, болояшро бо қоғаз ё матои латтагӣ пӯшонидан зарур аст.
  • ҳар як меваи анорро алоҳида бо қоғаз печонида, дар қуттиҳо як қабатӣ чидан низ хуб аст.
  • ҳар 8-10 рӯз як маротиба анорҳои нигоҳдоштаистодаро дида баромада, меваҳои захм пайдо кардаашро ҷудо кардан лозим аст.
  • меваҳои захмдоштаро зуд аз байни меваҳои сиҳат ҷудо кардан лозим.
  • донаҳои меваи захмдорро оҳиста аз пӯстлохаш ҷудо карда, афшура тайёр кардан мумкин.
  • меваи анорро дар қисми поёни яхдон, дар ҳарорати 4-50С, дар давоми 2-3 моҳ нигоҳ доштан мумкин аст.
  • донаҳои анорро ба халтаҳои плёнкагӣ ҷойгир карда, дар яхдонҳои махсус (морозилникҳо) то 5-6 моҳ нигоҳ доштан мумкин аст.

Акбар Мухамедов