Барои таъмини растанӣ бо намӣ, бояд оби полезӣ ҳамавақт дастрас бошад. Аз ин лиҳоз, ҷамъоварӣ намудани оби боронӣ – ин на фақат зарурият, инчунин яке аз усулҳои сарфакорона истифодабарии ҳамаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об мебошад. Ба ғайр аз ин низоми автономии обтаъминкунӣ ба мо имкон медиҳад, ки ҳангоми набудани оби обёришаванда дар ҷӯйборҳои асосӣ оби ҷамъовардашудаи борониро истифода барем ва зироатҳоро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем.

Агар шумо қитъаи калони боғ дошта бошед, оби борон, бешубҳа метавонад муфид бошад. Дар рӯзҳои гарми тобистон метавонад ба Шумо кӯмакрасон гардад. Нигоҳ доштани оби боронӣ дар наздикии хонаи истиқоматӣ беҳтарин ҳаракат барои ноилшавии ин мақсад мебошад.

Барои ҷамъоварии оби боронӣ зарфҳои пластикӣ ва ё оҳанин истифода бурдан мумкин аст, ки дар зери тарнов ҷойгир мекунанд. Инчунин, метавонед зарфро дар зери замин ҷойгир кунед. Яке аз усули содда, ки дар шароити Тоҷикистон истифода бурда мешавад, ин кофтани чуқурӣ (чоҳ) дар саҳни ҳавлӣ ва бо пленкаи полиэтиленӣ рӯйпӯш кардани он мебошад. Бо ин роҳ оби борони ҷамъовардашуда зери хок намеравад ва Шумо метавонед ҳамавақт онро истифода баред.

Акмал Насруллоев