Корҳои агротехникии пиёзи пешпазак ин давом додани кишти пиёзи барвақтӣ, тайёр кардани замин барои кишт (ҷуфт кардани замин, даровардани ғизоҳои минералӣ пеш аз кишт — нитроаммафоска 300кг, карбамид 50 кг), интихоби тухмиҳои босифати пешпазак, кишти тухмии пиёз, пеш аз обёрикунӣ мубориза бар зидди алафҳои бегонаи яксола бо истифода аз гербитс иди Стомп 33% 4-6л/га ва баъд аз 48 соати оғози обмонӣ муҳофизати кимиёвӣ аз ҳашаротҳои зараррасон: кирми тирамоҳӣ Нурелл Д (барои 1 га 0,5л) бо ҳамроҳи Стомп пошидан тавсия дода мешавад.

Инчунин барои пешгирӣ аз касалиҳо, хунукиҳо ғизодиҳӣ аз барг (1 маротиба) тавсия дода мешавад. Барои кӯчатҳои пиёзро аз хунукиҳо нигоҳ доштан вақти нашъунамо то охири моҳи  ноябр  ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л якҷоя бо Оракул МКС 1,0 л бо 300 литр об омехта  тавися дода мешавад.

Максут Отабеков