Барои боғи гелос дар ин давра гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ ба мисоли обёрӣ, коркард бар зидди касалӣ ва ҳашаротҳо зарур аст. Агар ҳашаротҳои зараровар дар дохили боғ пайдо шуда бошанд, дар ин маврид гузаронидани коркарди кимиёвӣ бо заҳрдоруҳои  Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) лозим аст. Мунтазам бехҷастҳоро аз бехи дарахтон тоза намудан лозим аст. Агар дарахтон ба касалии шилмбарорӣ гирифтор шуда бошанд, ҷои захмҳоро бо маҳлули 3% купороси мис бо шотка тоза намуда, баъд аз он бо рангҳои равғанӣ (масляние краски) ҷои захмро ранг кардан лозим аст.

Хурсандӣ Сафаралиев