Сан-Марино, октябрь 2017

Ниҳолҳои муҳофизаткунандаи ҷангалӣ – ин ниҳолҳои ҷангалии ба таври сунъӣ шинонидашуда мебошанд, ки барои ҳимояи боғзору киштзор аз омилҳои номатлуби табиӣ ва антропогенӣ, аз ҷумла мубориза бо хушкшавии замин, таназзулёбии обиву шамолӣ пешбинӣ карда шудааст. Онро бо роҳи шинонидан ё коштан асосан дар минтақаҳои даштӣ, даштӣ ва ҷангалӣ ва нимбиёбон ташкил мекунанд. Ин усул метавонад барои ҳифзи бисёр объектҳо, аз ҷумла заминҳои кишоварзӣ, хок, иншооти обӣ, роҳҳо, маҳалҳои аҳолинишин хизмат кунад.

Ба ниҳолҳои муҳофизаткунандаи ҷангалӣ камарҳои муҳофизатии ҷангал дохил мешаванд. Дар натиҷаи татбиқи ин усул, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ зиёд мешавад, ки натиҷаҳои он:

  • суръат ва нооромии шамол дар майдонҳои муҳофизатшаванда паст мешавад,
  • микроиқлим беҳтар мешавад,
  • намии хок танзим карда мешавад,
  • таназзулёбии шамолӣ ва обии хок коҳиш меёбад.

Инчунин истифодабарии ниҳолҳои муҳофизаткунанда дар канори ҷӯйборҳои обёрикунанда истифода бурда мешавад, ки самараи хуб медиҳад, яъне:

  • кам шудани бухоршавӣ аз ҷӯйборҳо ва киштзор,
  • боздоштани обҳои аз каналҳо филтратсияшаванда,
  • коҳиши болоравии обҳои зеризаминӣ ва шӯршавии дубораи хок,
  • муҳофизат аз шамолҳои хушк, тӯфонҳои чангӣ,
  • муҳофизати ҷӯйборҳо аз ботлоқшавӣ,
  • муҳофизати соҳилҳо аз алафҳои бегона.

Акмал Насруллоев