Барои чормағзи заминӣ дар моҳи сентябр қариб марҳилаи ҷамъоварии ҳосил оғоз меёбад. Аз ин лиҳоз дар ин мавсим бисёр эҳтиёткорона дар киштзор кору фаъолият бурдан лозим аст.

Яке аз омилҳои асосӣ барои ба даст овардани ҳосили баланд ва босифати чормағзи заминӣ ин аз рӯи талаботи растанӣ ва бо меъёр додани об мебошад. Агар обёрикунии зироат бе назардошти талаботи растанӣ гузаронида шавад, ҷараёни физиологии чормағзи заминӣ вайрон мешавад ва дар натиҷа рушди зироат суст гардида, ҳосилнокии он паст мешавад. Тавсия дода мешавад, ки пеш аз пухта расиши ҳосили чормағзи заминӣ шумораи обмониро кам намоед. Зеро ҳангоми пухтани ҳосил талаботи растанӣ ба об кам мегардад ва намии зиёд дар моҳи сентябр ба кашолёбии пухтани ҳосил оварда мерасонад.

Чормағзи заминӣ дар хокҳои аз моддаҳои органикӣ бой хуб нашъунамо мекунад. Аз ин лиҳоз ба ғизодиҳии киштзор аҳамияти калон додан зарур аст. Ҳангоми пурра гул кардани киштзор аз рӯи меъёри 60 кг барои як гектар ғизои азотӣ даровардан тавсия дода мешавад.

Барои муайян кардани пухтарасиши ҳосил ба таври диагоналӣ аз ҳар куҷои кишзор намунаи санҷиши ҳосилнокӣ санҷида шавад, то ки барои пурра пухтарасиши зироат боварии комил пайдо кунед. Инчунин, тавсия дода мешавад, ки ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ дар рӯзҳои гарми офтобӣ ва хушк гузаронида шавад.

Акмал Насруллоев