Дар бисёр минтақаҳои агроиқлимии ҷумҳурӣ ҷамъоварии меваи гелос ба охир расида истодааст. Дар хотир доред, ки баъди ҷамъоварии ҳосили гелос гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ ба мисоли обёрӣ, коркард ба зидди касалӣ ва ҳашаротҳо, ғизодиҳии ғайрирешагӣ (ба воситаи барг) ва буриши сабз ниҳоят зарур аст. Нигоҳубини дурусти боғ замина барои ба даст овардани ҳосили баланд дар соли оянда мебошад.

Дар ин моҳ пайдошавии тортанаккана дар назар аст ва гузаронидани коркарди кимиёвӣ бо заҳрдоруҳои Актеллек (барои 1 га 2 л-ро ба 1000 л об омехта) ва ё Данадим Эксперт (1,5-2,0 л-ро ба 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад.

Дар ин моҳ гузаронидани буриши сабзи дарахти гелос зарур аст. Дар ҳолати анбӯҳ будани шоху навдаҳои дарахтони гелос навдаҳои болоиҳам хобидаро пурра аз бех бурида партоед. Ё ин, ки навдаҳои босуръат сабзандаро нӯгкан намоед. Яқ қатор навдаҳои сабзидаро метавонед аз қисми мобайнӣ ё 3 ва 4 барг монда, бурида кӯтоҳ намоед. Ин чорабинӣ сабаби ташаккулёбии муғчаҳои ҳосилдиҳанда мегардад. Мақсади гузаронидани буриши сабз сарфи моддаҳои ғизоӣ барои ташаккулёбии муғчаҳои ҳосилдиҳанда мебошад. Баъд аз гузаронидани буриши сабз истифодаи ғизоии ғайрирешагӣ ба воситаи барг Nutrivant fruit (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта ) ба манфиати кор аст.

Реҷаи обёриро риоя намудан лозим аст. Дар ҳолати кам будани намнокии хок рушди дарахтон заиф мешавад. Дар мавриди зиёд будани намӣ сабзидани шоху навдаҳои нашвӣ, ки танҳо барои истеҳсоли барг хизмат мекунанд, афзоиш меёбад.

Мунтазам бехҷастҳоро аз бехи дарахтон тоза намудан лозим аст. Агар дарахтон ба касалии шилмбарорӣ гирифтор шуда бошанд, ҷои захмҳоро бо маҳлули 3% купороси мис бо шотка тоза намуда, баъд аз он бо рангҳои равғанӣ (масляные краски) ҷои захмро ранг кардан лозим аст.

Хурсандӣ Сафаралиев