Самаранок истифода бурдани захираҳои обу замин яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб шуда, баҳри иҷроиши таъмини амнияти озуқаворӣ роли калон мебозад.

Мафҳуми бунёди боғот дар нишебиҳои сарозер чиро дар назар дорад? Мақсад аз шинонидани дарахтони мевадиҳанда (шафтолу, нок, зардолу…) дар нишебиҳо ин муҳофизат намудани хок аз эрозия ва ярчравӣ тавассути кам намудани шусташавии хок бо об мебошад. Бар замми он, ин амал барои таъмин намудани аҳли хонавода бо мева ва даромади иловагӣ тавассути фурўши он мусоидат менамояд. Масофаи холигии байни қатори дарахтонро метавон барои истеҳсоли маҳсулоти зироатӣ ва хўроки чорво истифода бурд. Худи ҳамин система хеле мураккаб буда, идоракунии боғ дар нишебиҳо, обёрии он ва истифода бурдани усулҳои махсуси порудохилкунӣ бошад аз ҳама бештар мураккабтар мебошад.

Он чӣ тавр кор мекунад? Дарахтони мевадиҳандаро қад-қади контури обёрӣ аз рўи кунҷи кунд ба таври мувозӣ ва параллел бо нишебӣ мешинонанд. Дарахтон аз рўи контури хандақи ҷўйборчаҳо, тавре ки дар сурати боло нишон дода шудааст обёрӣ карда мешаванд. Агар ҳолатҳои камбудии оби борон ва хатари аз ҳад зиёди эрозияи хок вуҷуд дошта бошад, ҳамчунон метавон усулу техникаи обёрии лўлаӣ ва обёрии қатрагиро низ истифода бурд.

Дар нисбати бодом, камаш 300 дарахт ба ҳар як гектар ва барои писта бошад аз 300 то 400 дарахт вобаста ба навъи дарахт ва таносуби дурусти дарахтони модина ва нарина, тавсия дода мешавад. Бо мақсади боз ҳам устувортар намудани нишебиҳо метавон дигар зироатҳоро, ба мисли юнучқа ё гандумро дар байни қатори дарахтон кишт намуд. Дар мавриди истифодаи чунин намуди идоракунии боғ бояд ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии ҳамаи намудҳои зироатҳо ва таъсири мутақобилаи онҳо ба назар гирифта шавад. Бо мақсади пешгирӣ намудани воридшавии чорво ба боғҳо тавракашӣ бо истифодаи симҳо бояд дар назар гирифта шавад.

Бартариятҳои ин технология:

  • Устуворгардии хок ва нишебиҳо.
  • Даромади дутарафа зироатҳои майдон ва инчунин маҳсули дарахтон (мева, чўб ва ҳезум).
  • Нигоҳдории ҳосилхезии хок (истеҳсоли биомасса).
  • Беҳтаршавии хосиятҳои кимиёвӣ, физикӣ ва биологӣ (устуворшавии решаҳо ва сояи дарахтон фаъолияти биологии хокро фаъол мегардонад).
  • Камшавии эрозияи хок (бодшиканӣ, филтратсияи баландтари об, устуворшавии хок аз тариқи решаҳо).
  • Пурзўршавии тавонмандии ҷазби маводи ғизоӣ (тавассути дарахтони дорои решаҳои чуқур).
  • Пурзўшавии тавонмандии захирасозии об (камшавии бухор).
  • Саҳмгузорӣ ба гуногунгардии намудҳои биологӣ (кам намудани хатарҳои молиявӣ дар мавридҳои муҳити фавқуллода ва зиёдшавии имкониятҳои даромаднокӣ).
  • Саҳмгузорӣ дар нармсозии тағйироти иқлим (захирасозии карбон).
  • Коҳиш додани ҳолатҳои ниҳоят экстрималии микроиқлимӣ (сояафканӣ ва коҳиши зиёди ҳарорати сатҳи хок ва биноан бухоршавӣ; намии баландтари хок).
  • Ҳифзи нерў-энергия (камшавии хароҷот барои гармсозии хонаҳо бо сабабҳои бодшиканҳо).

Акмал Насруллоев