Дар моҳи июл бояд тамоми шароиту имкониятҳоро барои гирифтани ҳосили хушсифати ангур равона намоед. Пеш аз ҳама дар мавриди зиёд сабзидани шоху навдаҳо боз такроран хомток гузарониданатон зарур аст. Инчунин шоху навдаҳое, ки бениҳоят рушди зиёд доранд канда партоед. Шоху навдаҳои сабзидаи токро бо як тартиби муайян дар болои чойлоб ё хавоза бастубанд намуда, гирду атрофи хӯшаҳояшро аз баргҳо тоза кунед, то барои шамолрасии хуб шароит муҳайё шавад.

Ба хӯшаҳои ангур расидани нури мустақими офтоб зарар дорад. Ин боиси паст намудани сифати молии ангур ва сӯзиши он мегардад. Гузаронидани ин чорабиниҳо имконият медиҳад, ки касалиҳо ва ҳашаротҳои зараровар дар дохили токзор камтар гардад.

Дар ин моҳ пайдошавии ҳашаротҳои зараровар ба монанди кирминаи ордакмонанди ангур, канаи намадини ангур ва тортанаккана дар назар аст. Дар мавриди пайдоиши онҳо гузаронидани коркарди кимиёвӣ бо заҳрдоруҳои Актеллек (барои 1 га 2 л-ро ба 1000 л об омехта) ва ё Данадим Эксперт (барои 1 га 1,5-2,0 литрро ба 1000 л об омехта) истифода намоед. Бояд дар назар гирифт, ки дар мавриди пошидани як намуд заҳрдору ҳашаротҳои зараровар ба он одат менамоянд. Аз ин лиҳоз, бояд заҳрдоруҳоро мунтазам иваз карда истед. Заҳрдоруро бегоҳӣ ё саҳар барвақт дар вақти салқинӣ пошидан зарур аст.

Истифодаи домҳои равшанидиҳанда ва феромонӣ дар дохили токзор бар зидди ҳашаротҳои зараровар лозим шуморида мешавад.

Бар зидди касалиҳои занбӯруғии ангур пошидани фунгитсиди Фоликур (барои 1 га 0,3 л-ро бо 1000 л об омехта) зарур аст. Инчунин барои баланд гардидани сифати молии ангур пошидани Nutrivant Greap (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта), ки махсусан барои ток тавсия гардидааст, ба фоидаи кор аст. Реҷаи обёриро дуруст риоя намудан лозим аст, зеро дар ин давра талаботи ток ба об бениҳоят зиёд мегардад. Аз ҳад зиёд намнок нигоҳ доштани дохили токзор боиси зиёд гардидани касалиҳои замбӯруғӣ ва касалиҳои решаи ток низ мегардад.