Боридани боронҳои бардавом боиси такроран пайдо шудани касалиҳои занбӯруғӣ дар боғҳои шафтолу мегардад. Пешгирии саривақтӣ имконият медиҳад, ки меваи ташаккулёфта солим рушд ёфта, бо сифати баланд пухта расад. Баъд аз ин боронҳо фунгитсиди Скор (барои 1 га 200 мл-ро бо 1000 л об) бар зидди якчанд касалиҳои занбӯруғии шафтолу, аз ҷумлаи клястероспориоз, монолиоз, печиши барг, гардзанӣ ва ғ., истифода баред. Дар ҳолати мавҷуд будани касалии шилмбарорӣ дар танаи дарахтон онҳоро бо корд тоза намуда, бо маҳлули 3% купороси мис ба воситаи шётка коркард намуда, баъд аз он бо рангҳои равғанӣ (масляние краски) ҷои захмро ранг кунед.

Дар ин айём ҳашароти ширинча бештар ба дарахтони шафтолу зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар ин асно дигар ҳашаротҳо низ рушд намуда, барои зарар расонидан тайёр мешаванд. Аз ин лиҳоз, бар зидди ҳашаротҳои зараррасон, аз ҷумлаи ширинчаи сабз, мевахӯраки шафтолу, ширинчаи хунин пошидани яке аз ин препаратҳо – Актеллик (барои 1 га 2 литрро бо 1000 л об омехта), Каратэ (барои 1 га 0,6-0,8л-ро бо 1000 л об омехта) тавсия мешавад.

Коркарди байни қаторҳо ва танзими реҷаи обёрӣ зарур аст. Агар шохсор бениҳоят анбӯҳ гардида бошад, метавонед қисман навдаҳои нолозими навсабзидаро бурида партоед. Ин амал имконият медиҳад, ки нури офтоб дар дохили шохсор хуб нурпошӣ намуда, ташаккулёбии муғчаҳои ҳосилдиҳанда ба вуҷуд ояд.

Хурсандӣ Сафаралиев