Истифодаи аз ҳад зиёди заҳрдоруҳо ба бад шудани муҳити зист оварда расониданд. Хоҷагидории органикӣ торафт маъруфияти бештар пайдо карда, танҳо истифодаи нуриҳо ва воситаҳои органикии муҳофизати растаниро тавсия медиҳанд.

Яке аз ин воситаҳо истифодаи ҳашаротҳои фоидаовар, аз қабили трихограмма, габрабракон, тиллочашмак ва дигарон мебошад. Трихограмма ҳашароти хурд буда, дар дохили тухми ҳашаротҳои зараррасон тухми худашонро мегузорад ва ба ҳамин роҳ онҳоро нобуд мекунад. Истифодаи трихограмма барои ба даст овардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат карда, истифодабарии инсектитсидҳоро кам мекунад.

Тарзи истифодаи трихограмма

Аз моҳи май то август ҳашаротҳои зараррасон дар растаниҳо ба зочашавӣ, ҷуфтшавӣ ва тухмгузорӣ шурӯъ мекунанд. Дар ин вақт пайдоиши ҳашароти зараррасонро пайгирӣ карда, тухмгузориро пешгӯӣ кардан лозим аст. Инчунин, бояд ба назар гирифт, ки дар ин давра авҷи фаъолияти баъзе ҳашаротҳо ба амал меояд. Масалан, шапараки танаи ҷуворимакка аз кирми ғӯза пештар пайдо мешавад, бинобар ин, шумо бояд зироатҳоро якчанд маротиба коркард кунед.

Қадами навбатӣ пас аз пешгӯӣ ин сар додани трихограмма дар майдон мебошад. Пас аз паҳн шудан, онҳо тухмҳои ҳашаротҳои зараррасонро ёфта сӯрох мекунанд ва дар он ҷо тухми худашонро мегузоранд. Зочаҳои маҷрӯҳшуда дар рӯзи дуввум сиёҳ мешаванд, ки онро ба осонӣ фарқ кардан мумкин аст.

Дар рӯзи сеюм, дар ин тухмҳо Шумо метавонед кирми трихограммаро бинед.

Мӯҳлати истифодаи трихограмма бо пайдоиши ҳашаротҳои зараррасон дар растаниҳои гуногун муайян карда мешавад. Ҳамзамон, мӯҳлатҳои стандартии паҳнкунии он низ мавҷуд будат, дар он вақт ҳашаротҳо бисёртар фаъолтаранд. Масалан, дар нимаи моҳи май трихограммаро барои кишти гандум, ҷав ва нахӯд, дар охири моҳ — барои муҳофизати карам, қаламфур, помидор ва лаблабуи ширин истифода мебаранд. Инчунин, ин ҳашарот барои коркарди ҷуворимакка ва офтобпараст дар охири моҳи июн ва июл истифода бурда мешавад. Дар хотир доред, пас аз ошкор шудани тухми аввалини зараррасон, трихограммаро дар давоми ду рӯз ворид карданатон шарт аст.

Агар зироатҳо ба шумораи зиёди ҳашароти зараррасон дучор шаванд, пас шумо метавонед трихограммаҳоро якчанд маротиба паҳн кунед. Масалан, ба ҷуворимакка, карам ва офтобпараст.

Асосан ду воридкунӣ барои коркарди зироатҳо гузаронида мешавад ва фарқ байни паҳнкунӣ 10-14 рӯзро мегирад. Истисно боғҳои мевагӣ аст — дар ин ҳолат трихограмма дар як фосила се маротиба пошида мешавад.

Меъёри самараноки истифодаи трихограмма 100-200 ҳазор дона ҳашарот дар як гектар мебошад.

Акмал Насруллоев