Дарахтони нок дар айёми гулшукуфоӣ қарор доранд. Барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ва замина гузоштан ба ҳосили соли оянда боғпарваронро зарур аст, ки коркарди байни қаторҳо, буриши сабз ва обёриро ба роҳ монда, барои ғизодиҳии асосӣ нуриҳои азотию фосфориро истифода намоянд. Барои босифат кардани ҳосил пошидани ғизо аз барг натиҷаи хуб медиҳад. Баъд аз гулкунӣ ва калоншавии мева 2-3 бор пошидани маҳлули макро-микроэлементҳо (барои 1 га замин Агровитамин — 2,0л ва ё Атонник-200мл-ро ба 1000л об омехта карда, 3-бор бо фосилаи 10 рӯз) тавсия медиҳем.

Барои гардолушавии хуби гулҳои дарахти нок оилаҳои занбӯри асалро истифода менамоянд (3 оила дар 1 га).

Барои пешгирӣ намудан аз касалии қӯтурак ва сӯхтани мониалӣ (Монилиоз) баъд аз анҷом расидани гулшукуфоии дарахтон истифодаи препарати Хорус (барои 1 га 300 гр-ро бо 1000 л об омехта), аз касалии гардзании ордак истифодаи препарати Скор (барои 1 га 300 гр-ро бо 1000л об омехта) самарабахш мебошад. Паҳншавии касалии сӯзиши бактериявӣ низ дар назар аст. Барои пешгирӣ намудан аз ин касалӣ препарати Алиет (барои 1 га 1,5-3 кг-ро бо 1000 л об омехта) метавонед истифода баред.

Дар ин вақт аллакай бисёр ҳашаротҳои зараррасон рушд ёфта истодаанд. Дар боғ истифодаи домҳои феромонӣ ва истифодаи ҳашаротҳои фоидаовар ба монанди Трихограмма, Габрабракон ва Тиллочашмак бисёр самарабахш аст. Барои муҳофизат аз ҳашаротҳои зараррасон ба мисоли сипарболак, ширинчаҳо то гулкунӣ ва баъд аз гулкунӣ бо маҳлули инсектитсиди Актеллек (барои 2 л-ро ба 1000 л об омехта) ва ё Данадим Эксперт (1,5-2,0 л-ро ба 1000 л об омехта) коркард намоед. Дар ҳолати пайдошавии мевахӯраки нок  коркард бо маҳлули инсектитсиди Нурелл Д (барои 1 га 1,5 л-ро бо 1000 л об омехта) ва тортанаккана акаритсиди Омайт (барои 1 га 1,5-3,0 л-ро бо 1000 л об омехта) тавсия мешавад.

Айёми пайдо шудани ғӯраҳо ягонакуниро фаромӯш накунед. Барои гирифтани меваи ҳаҷман калон ва хушсифат, инчунин ҳамасола рӯёнидани ҳосил (солбанд нашудан) ягонакунӣ, яъне ба танзим даровардани ҳосилбандӣ нақши муҳимро мебозад.

Доимо дар дохили боғ назорат кардан зарур аст, ки кадом намуди касалӣ ва ҳашароти зараррасон афзоиш ёфта истодааст. Муборизаи саривақтӣ кафолати гирифтани ҳосили баланду хушсифати дарахтони мевадиҳанда мебошад.

Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо

Махсут Отабеков
Хурсандӣ Сафаралиев