Платформаи электронӣ оид ба кишоварзии сабз барои деҳқонони тоҷик

Барномаи Рушди СММ барои кишоварзони тоҷик махзани наверо дар фазои интернет боз кард. Ин махзан тавассути платформаи электронӣ оид ба кишоварзии сабз (greenagro.asia) ба истифодабарандагон дастрас шуд. Платфораи мазкур  дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи БРСММ “Роҳҳои инноватсионӣ оид ба милликунонӣ ва маҳаллисозии ҲРУ ва тавонмандсозии занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд” бо дастгирии молиявии ҳукумати Норвегия роҳандозӣ шудааст.

Бо мақсади огоҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш вобаста ба истифодабарии платформаи электронӣ ТҶ “Нексигол Мушовир” ду семинари омӯзишӣ доир намуд. Яке дар маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд ва дигаре дар пойтахти кишвар гузаронида шуд. Дар кори ин семинарҳо деҳқонони пешқадам, агрономҳо, мушовирон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷалб карда шуданд. Инчунин намояндагони муассисаҳои давлатии соҳаи кишоварзӣ, таъминкунандагони воситаҳои истеҳсоли кишоварзӣ ва агро-мағозаҳо, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкилотҳои машваратӣ ва муассисаҳои молиявӣ аз тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Дар рафти семинар иштирокчиён бо платформаи электронӣ (greenagro.asia) пурра огоҳӣ ёфтанд. Инчунин, дар рафти семинарҳо иштирокчиен фикру мулоҳизаҳо ва тавсияҳои худро барои бештар ҷавобгӯ кардани ин платформа ба табалоти истифодабарандагон пешниҳод намуданд. Минбаъд платформаи мазкур барои бо осонӣ дарёфт кардани маълумотҳо оид ба кишоварзии сабз кӯмак хоҳад кард.