Гандум дар Тоҷикистон дорои таърихи дуру дароз мебошад ва беш аз ҳазор сол парвариш карда мешавад. Зироат дар некӯаҳволии мардум, хусусан дар деҳот нақши муҳимро мебозад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе семинар оид ба саъю кӯшишҳои беҳтар намудани дастрасии хочагихои хурди деҳқонӣ ба тухмии баландсифат ҷамъбаст гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) гузаронида шуда, аз ҷониби ҳукумати Австрия маблағгузорӣ карда шудааст. Лоиҳа бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон соли 2012 оғоз гардид.

Иштирокчиёни семинар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон, кооперативи “Сароб” ва ҳамчунин фермерони бенефитсиарро намояндагӣ мекарданд. Дар рафти чорабинӣ онҳо оид ба душвориҳо ва сабақҳои азхудкарда ва ҳамчунин бобати таҷрибаҳои мусбӣ ва бомуваффақ, мақсадҳои ба дастовардашуда мубодилаи маълумот намуданд.

“Лоиҳа хеле бамаврид ва саривақтӣ буд ва бомуваффақ дар худ дастрас намудани кӯмаки амалӣ ва назариявиро пайваст намуд,” гуфт Олег Гучгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. “Лоиҳа на танҳо тухмии гандум ва дигар зироатҳо, таҷҳизотҳоро барои тоза кардани тухмӣ, инчунин омӯзишҳоро барои фермерон оид ба чӣ гуна истеҳсол намудани тухмиҳои хушсифат аз ҷониби худи онҳо дастрас гардонд.”

Дар Тоҷикистон қариб ки ҳамаи гандуми истеҳсолшуда барои тайёр кардани нон ва ғизои дигар истифода бурда мешавад. Аз ин рӯ, мардуми тоҷик маҳсулотҳои ғалладонагиро хеле зиёд қадр мекунанд. Намудҳои гуногуни нон бо шаклҳо ва ҷузъҳои гуногун, масалан гирдача, фатир, кулча, чапотӣ ва дигарон мавҷуд ҳастанд. Ғайр аз гандум фермерони тоҷик дигар намудҳои зироат аз қабили зироатҳои лубиёй ва равғанӣ, хӯроки чорво ва биринҷ истеҳсол мекунанд.

Аз соли 2012 то 2018 лоиҳа зиёда аз 400 тонн тухмии хушсифати гандум ва қариб 15 тонн тухмии зироатҳои алтернативиро тақсим намуд. Аз ҳама муҳим лоиҳа ҳамкории мустаҳкамро байни истеҳсолкунандагони тухмӣ ва фермерон тавассути намоиш додани намудҳои нави гандуми хушсифат таъсис дод. Намудҳои нави гандум (Муродӣ, Дурахшон, Камол, Сарвар, Юсуфӣ, Ваҳдат) бо таври расмӣ ба қайд гирифта, ноҳиябандӣ карда шуданд, ҳафт намуди дигар таҳти санҷиш аз ҷониби мақомоти расмӣ қарор доранд.

Дар маҷмуъ, 2800 ва 4000 фермерони бенефитсиар дар понздаҳ ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин водиҳои Ғарму Ҳисор мустақим ва ғайримустақим аз лоиҳа баҳра гирифтанд. Лоиҳа як қатор чорабиниҳоро ба монанди омӯзишҳо барои фермерон ва мутахассисони тухмипарвар, дастрас кардани таҷҳизот, чорабиниҳо оид ба селексия ва нигоҳдории гандум, нашри маводҳои тақсимотӣ ва таҳияи сиёсату тстратегияҳоро фаро гирифт.

Бо мақсади он ки деҳқонон тавонанд тухмии баландсифат, ба ҳама талаботҳо ҷавобгӯро истеҳсол кунанд, лоиҳа мошинаҳои тухмитозакуниро ба онҳо дастрас намуд.

“Ин унсури хеле муҳим барои устувории дарозмуддат мебошад ва вобастагии фермеронро аз лоиҳа ва дастгирии донорҳо пешгирӣ мекунад,” илова кард Гучгелдиев.

“Ҳоло хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ҳунару малакаи худро барои истеҳсоли тухмии хушсифат такмил додаанд ва дар натиҷа деҳқонон дарк намуданд, ки кишти тухмии хушсифат ҳосилнокиро афзун мегардонад. Дар ин робита, тими лоиҳа деҳқононро бовар кунонид, ки тухмии баландсифат гаронтар ҳам бошад, вале хароҷоташро рупӯш мекунад,” гуфт мутахассиси ФАО оид ба соҳаи кишоварзӣ Ҳафиз Муминҷонов.

“Лоиҳа барномаи миллии селексияи гандумро, хусусан пешбарӣ намудани навъҳои навро дар заминҳои деҳқонон хеле ҷиддӣ дастгирӣ кард. Айни ҳол, деҳқонони тоҷик бештар навъҳои гандуми маҳаллиро парвариш мекунанд, ки ин хурсандиовар аст,” давом дод Муминҷонов.

Дастрасӣ ба навъҳои тухмиҳои гуногуни хушсифати гандум ва дигар зироатҳо метавонад имкониятҳои бо кор таъминкунӣ, гирифтани даромад ва дар ниҳоят амнияти озуқаворӣ ва некӯаҳволии хоҷагиҳои хурди деҳқониро дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон таъмин намояд.

ИСТИНОДҲО:

Технология мубориза бар зидди малахро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пурқувват мегардонад

www.fao.org/europe/news/detail-news/ru/c/1154093/

Ба фермерони Тоҷикистон навъҳои нави гандум дастрас карда мешаванд

www.fao.org/europe/news/detail-news/ru/c/885987/

ФАО методологияи нави нави таҳқиқоти хоҷагиҳои деҳқониро дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунад

www.fao.org/europe/news/detail-news/ru/c/470167/

ФАО ва Тоҷикистон созишномаи ҳамкориро ба имзо мерасонанд

www.fao.org/europe/news/detail-news/ru/c/410977/

Барои маълумоти бештар:

БУНАФША АЗИМОВА
Ёвар оид бо кор бо ВАО
ФАО Тоҷикистон
Тел: +992 93 577 33 73
E-mail: Bunafsha.Azimova@fao.org