«Дар ҳудуди вилояти Суғд ду дарёи калонтарин: Сир ва Зарафшон, 8 кӯл ва се обанбор (Баҳри Тоҷик, Фарҳод ва Каттасой) мавҷуд мебошанд. Онҳо сарчашмаҳои асосии оби нӯшиданӣ ва полезию хадамоти ободонии  вилоят ба шумор мераванд».

Барои Тоҷикистон, ки 93 дарсадашро кӯҳсорон фаро гирифта, ҳамагӣ ҳафт дарсад замини ҳамвор дорад, ҳар як ваҷаб замин азиз аст. Марди деҳқон мекӯшад то аз ҳар пора заминаш ҳосили хуб бигирад ва табъан рӯзгорашро обод созад. Вале таи тақрибан 70 соли даврони Шӯравӣ, зимоми ихтиёри кишти навъи зироат дар колхозу совхозҳо дар дасти Марказ буд. Марказ мехост ҳарчӣ бештар «зироати аз нигоҳи стратегӣ муҳим», яъне пахта кишт гардад. Барои он ки ҳарчӣ бештар «тиллои сафед» ба даст оварда шавад, гуна-гуна моддаҳои кимиёвиро ба замин пош медоданд. Барои он ки замини заъифу камқувват қувват бигирад, меъёри доруи кимиёвиро ҳамасола зиёд мекарданд.

Дар ду мантақаи кишвар: Конибодом ва Вахш яке паси дигар гӯристонҳои маводҳои кимиёвӣ пайдо шуданд. Танҳо дар гӯристони маводҳои заҳрогини кимиёвии Конибодом таи солҳои 1973-1990 беш аз 4000 тонна маводҳои кимиёвии заҳрогин, 1000 тонна моддаҳои биологӣ ва 500 ҳазор адад бастаю зарфҳои маводҳои кимиёвиро гӯронидаанд. Он маводҳоро аввал қисман дар заминҳо истифода бурда, баъдан пасмондаашонро дар онҷо зери хок кардаанд. Миқдори моддаҳои заҳрогине, ки барои дефолиатсияи пахта, яъне хушк кардани барги растанӣ истифода гардидааст, то ҳол ҳисобу китоб нашудааст. Бешак, ин доруҳо таркиби хокро хароб карда, ҳосилнокии онро паст кардаанд. Вале, дар даврони Шӯравӣ тибқи нақша ҳамасола заҳбурҳо мекофтанд, ки тавассути онҳо заҳрҳои кимиёвии ба замин пошидашуда, якҷоя бо об аз заминҳо берун мешуданд.

zamini-shur-2

Вале бо наздик шудани пошхӯрии Шӯравӣ, таваҷҷӯҳ ба кофтани заҳбурҳо ва шабакаҳои обкаш кам гардиданд. Дар натиҷа, оби зеризаминӣ таҳшин нашуда, дар қабати болоии замин боқӣ мемонд ва шӯршавии заминҳо суръати бештар пайдо мекард.

Тибқи маълумоти Раёсати обёрӣ ва беҳдошти замин дар ҳашт ноҳияи кишоварзии вилояти Суғд, (ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Спитамен, Конибодом, Исфара, Мастчоҳ, Зафаробод ва Ашт) назар ба маълумоти расмӣ , то ба 01.01.2013 аз 239 842,4 гектар замини киштшавандаи вилоят 12,7 % заминҳо дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доштаанд. Рақамҳо баёнгари он ҳастанд, ки миқдори заминҳои ҳолати обёрияшон ғайриқаноатбахш ҳамасола рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Таври мисол, агар миқдори заминҳои ҳолаташон ғайриқаноатбахши қаламрави вилояти Суғд дар соли 2008 22 157 гектарро ташкил карда бошад, ин рақам дар соли 2009 ба 24 932, соли 2010 ба 28 219, соли 2012 ба 30 446 гектар расидааст.

Тибқи маълумоти Раёсати обёрӣ ва беҳдошти замини вилояти Суғд то ба санаи 01. 01.2018 дар ҳашт ноҳияи кишоварзии зикргардида, дар маҷмӯъ 27 319 гектар  заминҳои ҳолати мелиоративияшон ғайриқаноатбахш ба қайд гирифта шудаанд, ки дар соли равон ҳолати 5496 гектари ин заминҳо бояд беҳтар карда шавад. Барои иҷрои ин кор аз маблағҳои буҷавии мутамарказ ва маҳал, ҳаққи истифодаи об ва сармоягузории хориҷӣ масраф мешаванд. Вале мусаллам аст, ки то ба ҳолати хуби мелиоративӣ овардани заминҳо роҳ хеле дур аст ва вақту масрафи зиёди деҳқонон ва давлатро талаб мекунад.

Пас, ҳамон тавре коршиносони соҳаи обу хокшиносӣ таъкид медоранд, то ба он рӯзе, ки заминҳои шӯр ва эрозияшуда ҳастанд, обе, ки аз онҳо ҷорӣ мешаванд, дар аксари мавридҳо ғайри қобили истифода мебошанд ва ҳангоми ба дарё пайвастани онҳо хатари хароб шудани таркиби оби онҳо низ ба вуҷуд меояд.

Гузашта аз ин, ба беш аз 60 ҳазор хоҷагиҳои инфиродии кишоварзӣ тақсим шудани заминҳо мавзӯи тоза кардани заҳбуру обкашҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Зеро на ҳама заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба заҳбуру обкашҳо наздик мебошанд ва табъан, сарварони онҳо маблағи лозимаро барои тоза кардани онҳо додан намехоҳанд. Зеро аксарияти хоҷагиҳо заминро бо қарзаш аз мақомоти гуногун гирифтаанд ва кӯшиш мекунанд, қабл аз ҳама он маблағҳои қарзиро пардохт намоянд.

Сардори хоҷагии инфиродии «Мардон»-и ноҳияи Ашт Мардонқул Исломов иброз медорад, ки дар зиммааш беш аз 2,5 гектар замин мавҷуд аст. Дар як гектари он пахта кишт кардааст. Соли гузашта деҳқон аз ҳамин як гектар 35 сентнер ҳосил гирифтаст.

Азбаски замин камқувват буд, тасмим гирифтам, ки ба он миқдори зиёди поруи маҳаллӣ диҳам,- мегӯяд деҳқони пуртаҷриба.- Кӯшиш кардам, ки обро шабона, бо миқдори кам ба ҷӯякҳо тақсим кунам ва нагузорам, ки қатраи он исроф шавад. Ҳамин ки об ба поёни ҷӯяк расид, зуд онро қатъ мекунам. Пахтаи бо поруи маҳаллӣ парваришшуда, яъне органикӣ, ҳамчунин қиммат ва харидори бештар дорад. Вале ин ҳама ба осонӣ ба даст намеояд. Заҳмат бояд кашид” – илова кард Мардонқул.

Сардори хоҷагии оилавии «Саодат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Саодат Аҳмадҷонова иброз медорад, ки дар амри оқилона истифода бурдани об ва ҳифзи замин аз шӯрхокшавӣ ва ҷилавгирӣ аз камқувват шудани ҳосилнокии хок нақши обмонҳо бисёр бузург аст. Фарҳанги обёриро аз онҳо бояд омӯхт. Маҳз онҳо ҳастанд, ки шабу рӯз, шому саҳар нагуфта, аз паи обу хоку замину ҳосили хуби сабзавоту дарахтони мевадиҳанда ҳастанд. Пас месазад, заҳмати онҳоро таври сазовор қадр кард.

«Ман ба вакилони порлумони кишвар пешниҳод мекунам, ки дар Қонун дар бораи нафақа тағйироте ворид карда, синни нафақаи мардҳои обмонро аз 63 ба шаст поин фароранд,- таъкид медорад Саодат-саркор. – Зеро аксарияти обмонҳо пас аз шастсолагӣ дигар қуввату мадори кор кардан надоранд ва аксар, ба синни нафақа нарасида, аз дунё мегузаранд».

Бояд мутазаккир шуд, ки об сарвати табиӣ ва гаронбаҳои ҳар миллат аст ва тозаву мусаффо нигаҳ доштани он боиси рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар кишвар шуда метавонад. Онро метавон ҳамчун ғизои замину растаниҳо, инсону ҳайвонҳо, сарчашмаи нерӯи барқ ва воситаи ободонӣ ба кор бурд.

Ҳамон тавре сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Хуршед Саидов иброз медорад, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об ва наандешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати муҳофизати он (аз ҷумла тозакунии онҳо) ҳатман боиси таназзули захираҳо дар вилоят шуда, имкониятҳои рушди иқтисодӣ, таъмини некӯаҳволӣ ва солимии аҳолии вилоят ва қобилияти худбарқароршавии табиатро зери савол қарор медиҳад.

«Дар ҳудуди вилояти Суғд ду дарёи калонтарин: Сир ва Зарафшон, 8 кӯл ва се обанбор (Баҳри Тоҷик, Фарҳод ва Каттасой) мавҷуд мебошанд. Онҳо сарчашмаҳои асосии оби нӯшиданӣ ва полезию хадамоти ободонии  вилоят ба шумор мераванд».

«Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки чун кишвари мо кӯҳсор асту дар он сарчашмаҳои зиёди обӣ нуҳуфтаанд, мардуми мо мушкилие чун дастрасӣ ба об надоранд, – таъкид медорад экологи варзида.- Вале дар ҷумҳурӣ, махсусан дар вилоят мушкилии бо оби нӯшокии босифат таъмин намудани аҳолӣ яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад. Аз рӯи маълумоти дар гузорише, ки чанде қабл таҳти унвони «Ҳолати муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр шуда буд, маълум мегардад, ки тахминан 60% аҳолии кишвар ба оби нӯшокии марказонидашуда дастрасӣ дошта, 10% аҳолӣ аз оби чашмаҳо, 3,7% аз оби дарё ва 25% аз оби ҷӯю канал ва ҳавзҳо истифода мебаранд. Ифлосшавии обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ ба камшавии дастрасии аҳолӣ (бахусус аҳолии деҳот) ба оби тозаи нӯшокӣ оварда мерасонад. Норасогии он боиси афзоиши бемориҳо, хароҷоти аҳолӣ барои табобат ва пастшавии сатҳи зиндагӣ мегардад. Алҳол, ҳолати иншоотҳои партовобтозакунӣ ба яке аз муаммоҳои асосии экологӣ табдил ёфтааст. Дар вилоят шумораи умумии иншоотҳои партовобтозакунӣ 63 адад буда, аз он танҳо 60% фаъолият карда истодаанд. Ба таври пурраю саросар кор накардани ин иншоотҳо боъиси ифлосшавии обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ гардида, хатаре ба саломатии олами набототу ҳайвонот ва инсонҳо ба бор овардаанд» – мегӯяд Хуршед Саидов.

Ҳамон тавре коршиносон, табиатшиносон ва кимиёшиносон таъкид медоранд, оби чашмаву кӯҳсорони мо аксар дорои микроэлементҳои барои саломатии ҳама мавҷудоти зинда муҳиму муфид мебошанд ва онҳое, ки пайваста аз онҳо истифода мебаранд ҷисману руҳан солим мебошанд. Бояд дар хотир дошт, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои зеризаминие, чун нафту гази фаровон набуда, офаридгор барояш кӯҳҳо, рӯдҳо, кӯлҳо, чашмасоронро додааст ва мо бо ба роҳ мондани фурӯши онҳо метавонем хазинаи давлатро ғанӣ гардонем ва сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорем.

Пас, ҳамагон бояд дар тозаву покизаву мусаффо доштани захираҳои обии кишвар, дар ҳолати хубу самарабахш нигоҳ доштани хоки он саъю кӯшиш ва талош варзанд. Ба қадри ононе бояд бирасид, ки дар ин роҳ заҳмат мекашанд.

Тилав РАСУЛЗОДА