Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли равон беш аз 42,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки бо қурби ҳозира ба зиёда аз 5 млрд. доллар баробар буда, нисбат ба нархҳои қиёсии нишондиҳандаҳои соли 2016 – 6,8% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД бахши кишоварзӣ (бо шумули хоҷагии ҷангалу шикор, моҳипарварӣ ва моҳидорӣ) афзалият дорад, ки 20,7%-ро ташкил медиҳад. Ҳудуди 19,7%-и сохтори ММД бо шумули энергетика ба соҳаи саноат рост меояд.

Қаблан изҳор гардида буд, ки ҳукумат ният дорад Тоҷикистони аграриро ба давлати рушдёфтаи индустриалӣ табдил медиҳад. Бо ин мақсад афзоиши иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва ба ин васила кам кардани вобастагии иқтисоди ҷумҳурӣ аз бахши кишоварзӣ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, дар сохтори ММД саҳми бахши савдо (таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо) – 14,5%, нақлиёт, алоқа, хоҷагии анбор – 11,8%, ҳиссаи андозҳо – 11,7% ва сохтмон – 9,8-ро ташкил додаанд.

Соли 2017 афзоиши ҳаҷми ММД дар ҳаҷми ҳудуди 58 млрд. 910 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 9,4% зиёдтар аст. Соли 2016 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон зиёда аз 53 миллиарду 828 миллион сомониро ташкил дод.

Дар соли 2018 афзоиши ҳаҷми ММД Тоҷикистон то 65,7 млрд. сомонӣ ва дар соли 2019 – то ба 73,5 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

http://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20171023/dar-intizorii-industrializatsiya-toikiston-to-ol-kishvari-agrar-bo-memonad